fbpx

Uncategorized

Шумораи қурбониёни заминларза аз 21 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди захмиён дар умум ба 78 ҳазору 124 нафар расид.


0
Заминларза дар Сурия
Шаҳри Ҷиндайриси Сурия / Акс аз Reuters

Шумораи ҳалокшудагони заминларзаҳои Туркияву Сурия ба 21 051 нафар расид, хабар медиҳад CNN бо такя ба мақомоти ду кишвар.

Ба гуфтаи муовини президенти Туркия, Фуат Октай дар ин кишвар теъдоди қурбониён ба 17 674 нафар расида, беш аз 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бинобар гузориши расонаҳои давлатии Сурия дар ин кишвар дасти кам 3377 нафар, аз ҷумла 2030 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришгарон дар шимолу ғарб ва 1347 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумати Сурия ба ҳалокат расидаанд.

Теъдоди захмиён дар Сурия дар тамоми манотиқи осебдида ба 5245 нафар расидааст: 2295 нафар дар манотиқи таҳти назорати ҳукумат ва 2950 нафар дар манотиқи таҳти назорати шӯришгарон.

Бар асоси гузориши ҳукумати Туркия ва расонаҳои давлатии Сурия, дар умум 78 124 нафар дар Сурия ва Туркия бар асари заминларзаи шадид ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки дар Туркия ва Сурия ҳудуди 80 ҳазор наҷотдиҳанда аз 19 кишвар кор мекунанд.

Аз ҷумла, 9-уми феврал 50 наҷотдиҳанда аз Тоҷикистон вориди Туркия шуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend