fbpx

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт

Боронҳои сахту ҳавои сард ба амалиёти наҷот халал мерасонад.


0
что делать при землетрясении
Акс аз сомонаи milli-keyem

Мувофиқи омори субҳи панҷшанбе, ки идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия эълон кард, шумораи қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба 12 ҳазору 391 тан ва захмиён ба 62 ҳазору 914 нафар расид.

Мақомоти давлатии Сурия ва маҳаллии шимоли ин кишвар аз 3042 кушта ва 5635 тан захмии заминларза хабар доданд.

Дар Туркия ин теъдод аз замони заминларзаи соли 1999 баландтарин ба шумор меравад.

Ба ин тартиб, шумори умумии қурбониёни зилзилаи рӯзи сешанбе дар Туркия ва Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт. Боронҳои сахту ҳавои сард барои бартараф кардани харобиҳо мушкил эҷод мекунанд ва интизор меравад, шумораи қурбониён бештар шавад.

Кӯмакҳои байналмилалӣ то кунун аз даҳҳо кишвар ба Туркия фиристода шудааст. Аз ҷумла аз тарафи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ, Амрико, Чин, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва ҳатто Украина.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи паёмадҳои зилзилаи ахир дар Туркия ва Сурия ҳушдор дод, ки 23 миллион нафар, аз ҷумла ҳудуди панҷ миллион нафар аз афроди осебпазир, бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Франс-пресс”, ба бархе аз минтақаҳои осебдидаи Туркия то ба ҳол ҳеҷ кӯмаке нарасидааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки рӯзи чаҳоршанбе аз Ҳатой – яке аз вилоятҳои зилзилазада дар наздикии марз бо Сурия боздид мекард, дар посух ба интиқодҳо гуфт, “албатта камбудҳое вуҷуд дорад. Ғайримумкин аст, ки барои чунин фоҷеае омода бошем”.

Аммо мунтақидони ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, ки раванди кӯмакрасонӣ бисёр оҳиста буда, давлат аз омодагиҳои лозим барои чунин амалиётҳое бархӯрдор набудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend