Абузар Бобохонов дорои аутизм мебошад. Ӯ ҳанӯз 8 сол дорад, вале новобаста ба хурдсолиаш бо истеъдодҳои фавқулоддаи худ ҳамаро ба ҳайрат овардааст. Ӯ аз овони тифлӣ бо забони англисӣ ҳарф мезад ва аз ӯҳдаи истифодаи таҷҳизоти техникӣ аз ҷумла, компютер ва телефонҳои мобилӣ хеле хуб мебарояд.
Мо дар бораи Абузар ва хислатҳои ҷолиби ӯ бо модараш Анора Холова ҳамсуҳбат шудем.
Ҳайрати волидон
Қаҳрамони мо аз хурдӣ тариқи телевизион филмҳои аниматсиониро бо забони англисӣ тамошо карда, бо истеъдоди фавқулоддаи азхудкунӣ ҳама ибораҳои дида ва шунидаашро аз худ мекард. Ҳангоме ки ӯ дар хурдӣ ба гапзанӣ даромад аҳли хонавода дар ҳайрат монданд. Чунки Абузари кӯчак бо забони англисӣ ҳарф мезад. Ҳамин тавр аҳли хонадон низ кӯшиш мекарданд, ки бо ибораҳои донистаашон бо Абузар бо ин забон ҳарф зананд.
“Абузар бачаи камгап вале серҳаракат аст. Аз хурдӣ доим филмҳои тасвирӣ ва барномаҳоро бо забони англисӣ тамошо мекард. Вақте ки ба гапзанӣ даромад, мо ҳайрон шудем. Ҳамаи калимаю ибораҳое, ки кӯдакон дар он син меомӯзанд ӯ бо забони англисӣ медонист ва мо низ маҷбур шудем, ки бо ӯ бо забони англисӣ ҳарф занем”,- мегӯяд модари Абузар.
Талошҳои модар
Аз сабаби он ки падари хонадон ҳар рӯз аз пайи дарёфти ризқу рӯзист, бештари вақти Абузар дар хона бо модари меҳрубонаш сипарӣ мешавад. Метавон гуфт, ки дар рушди маънавии Абузар нақши модараш аввалиндараҷа мебошад. Талошҳои пайвастаи модар буд, ки фарзанди ӯ имрӯз дар баробари дигарон ба таҳсил фаро гирифта гирифта шудааст. Сараввал модари Абузар ӯро ба мактаби махсуси №72-и шаҳри Душанбе бурд. Дар ин муассиса Абузар дар синфхонаи махсус барои кӯдакони дорои аутизм таҳсил менамуд.
“Дар мактаби махсуси №72 писарам бисёр чизҳоро аз худ намуд. Он ҷо тамоми шароитҳои муосир барои таҳсилаш фароҳам буданд. Вале аз сабаби дурии роҳ ва мушкилоти зиндагӣ натавонистам дигар ӯро ба он ҷо барам”,- бо таассуф афзуд, ҳамсӯҳбати мо.
Баъдан Абузар як сол дар Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаракат” дар ноҳияи Рӯдакӣ аз омӯзишҳои зеҳнӣ гузашт. Дар ин баробар модари Абузар дар чандин семинар-тренингҳо иштирок кард ва фаҳмиши худро дар бораи шахсони дорои маъюбият ва малакаҳои кор бо онҳо зиёдтар намуд. Сипас модар ба хулосае омад, ки худаш хубтар метавонад бо Абузар кор карда, барои рушди малакаҳои ӯ шароит фароҳам оварад.
Эркаи хонадон
Абузар 17 апрели соли 2014 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дар оилаашон писари ягона буда, се апаву хоҳар дорад. Падару модари Абузар кӯшиш карданд, ки писарашон аз ҷомеа қафо намонда, баробари дигарон ба таҳсил фаро гирифта шавад.
“Ӯ писари ягона ва эркаи хонадонамон мебошад. Аз хурдӣ то ҳозир падараш кӯшиш мекунад, ки тамоми хостаҳояшро бароварда намояд. Ҳамин аст, ки Абузар на ҳамаи хӯрокҳоро истеъмол мекунад. Ӯ хӯрокҳои махсуси дӯстдоштаи худро дорад. Бештар вақти худро бо телефони мобилӣ мегузаронад. Дар он барномаҳои луғати забони англисӣ-тоҷикиро гаштаву баргашта гӯш меандозад. Намедонам меҳри ин забон аз куҷо дар вуҷудаш пайдо шудааст”- зикр кард, модар.
Омӯзиши забони модарӣ
То ба синфи якум рафтан Абузар умуман забони тоҷикиро намедонист. Модараш кӯшиш кард, ки ба ӯ тоҷикиро омӯзонад. Айни ҳол Абузар яке аз хонандаҳои фаъоли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад. Азбаски бачаи чолоку ҷасур ва чеҳрахандону дидадарост, омӯзгорону ҳамсинфон хеле дӯсташ медоранд. Дар хушхатнависӣ низ Абузар байни дигарон дар ҷойи аввал меистад. Матнҳои забони англисиро аз забони тоҷикӣ дида бурротару равонтар хонда, шеърҳоро хеле зебо қироат мекунад. Ҳангоми дарс тайёр кардан дар хона ба ӯ модараш кӯмак мерасонад.
“Барои ба мактаб рафтанаш ман ба ӯ забони тоҷикиро омӯхтам, то ин ки дар рафти дарсҳо азоб накашида, ба осонӣ аз худ карда тавонад. Шукрона мекунам, ки имсол синфи якумро бо баҳои хуб хатм намуд. Ҳарчанд дӯстон ва ҳамсоягон аз ин боварӣ надоштанд, вале ман ноумед нашуда, барои хонданаш талош кардам”-бо ифтихор гуфт, модари Абузар.
Ҷовидон РАҲМОНАЛӢ