fbpx

Эҳтиёткор бошед! Ҳавои ниҳоят гарми бебориш дар Тоҷикистон то охири июл идома мекунад

То охири моҳ ҳавои бебориш боқӣ мемонад, - Агентии обуҳавошиносӣ.


0
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Ҳавои ниҳоят гарм ва бебориш дар Тоҷикистон, ки дар баъзе минтақаҳо то 47 дараҷа ва аз ин зиёд мерасад, то охири моҳи июл идома мекунад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ.

“Гармои шадид ва бесобиқа дар ноҳияҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ низ боқӣ  мемонад. Бино ба гузориши ҳавосанҷон дамои ҳаво дар ин манотиқ ба 37+40 дараҷа, дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то ба 42+44 дараҷа мерасад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рӯхҳои 26-27 июл  бар асари гармои шадид дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об боло меравад. Дар ин рӯзҳо хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии алафҳои доруворӣ ва ғайра эҳтиёт кунанду ҳамеша ҳушёр бошанд. Чун маъмулан селҳо ногаҳонӣ меоянд ва сокинонро ғофилгир мекунанд.

Дар рӯзҳои гармо шаҳрвандон бояд чӣ кор кунанд?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар сомонаи худ бо пахши тавсияҳо дар рӯзҳои гармӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ҳузур доштан дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо аз эҳтиёт кор гиранд.

Кумита ба сокинон тавсияҳои зеринро пешниҳод кардааст:

– Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

– Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред;

– Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз  +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;

– Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

Акс аз сомонаи ritmeurasia.org

– Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

– Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

– Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

– Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

– Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамони бемории қалб дошта бояд чӣ кор кунанд?

  1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.
  2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.
  3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.
  4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
  5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
  6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
  7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.
  8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
  9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
  10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11 ва ё ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend