Беқурбшавии доллару евро нисбат ба сомонӣ идома дорад, вале рубл устувор монд
Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ боз ба андозаи 1% коҳиш ёфт.
Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 20 июн 1 доллар 10,79 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 17 июн қимати он ба 10,90 сомонӣ баробар буд.
Қурби рубли Русия тайи ҳафтаи ахир қариб бетағйир боқӣ монда, имрӯз дар сатҳи 176,5 сомонӣ барои 1000 рубл қарор дорад.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.
Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд аз ҷониби бонкҳои кишвар барои имрӯз аз 10 сомонӣ то 10,3 сомонӣ ва қурби фурӯш – 10,5-10,79 (1 доллар) сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби хариди рубли нақд аз ҷониби бонкҳо аз 168 сомонӣ то 177 сомонӣ (1000 рубл) муқаррар шуда, 1000 рубли Русия 178-180 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Сафари зоирони тоҷик ба Макка оғоз ёфт, вале бо харҷи бештар
Субҳи имрӯз, 20-уми июн аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Фурудгоҳи байнулмилаллӣ Душанбе бо нашри аксҳои зоирин хабар дод, ки соати 06-и субҳ парвози онҳо ба самти шаҳри Ҷидда сурат гирифт.
Дар маросими гусели гурӯҳи 155-нафарии зоирон, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз онҳо даъват намудааст, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ, солимии худро ҳифз намоянд.
Арабистони Саудӣ имсол барои зоирини тоҷик 3562 квота ҷудо кардааст. То замони пандемияи коронавирус солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафт. Ду сол пеш ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирин манъ шуда буд.
Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.
Мақомот дар Тоҷикистон сабаби гаронии нархи ҳаҷро ба маҷмӯи хидматрасониҳое рабт доданд, ки “кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа пешниҳод мекунад”.
Аз таркиши балони газ дар қаҳвахонаи “Лола” як нафар захмӣ шуд
Бар асари таркиши зарфи гази моеъ дар қаҳвахонаи “Лола” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (паҳлӯи кинотеатри “Ватан) як нафар ҷароҳат бардоштааст. Бархе манбаъҳо шумораи захмиёнро 4 нафар гуфтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса соати 09:20 дақиқаи рӯзи 20 июни соли 2022 рух дод. Манбаъ сабаби ин ҳодисаро “риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ” номид.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса 1 нафар ҷароҳат бардоштааст. Аммо дар ҷои ҳодиса шоҳидон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чор кас дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.
Ҳанӯз ҳаҷми зиёни ин сӯхтор эълон нашудааст. Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин қаҳвахона аз сӯи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва додситонии шаҳри Душанбе оғоз шудааст.
Селхезӣ дар се деҳаи ноҳияи Деваштич, хисоротро маълум мекунанд
Зӯҳри 20-уми июн бар асари борони пуршиддат дар се деҳаи ноҳияи Деваштич сел омада, роҳу кӯпрукҳоро вайрон кардааст.
“Дар пайи боришоти шадиди борон дар деҳаҳои Басманда, Дархон, Метк сел фаромад. Ӯ гуфт, ҳоло маълум нест, ки селхезӣ ба мардум чӣ зараре расонидааст ва гурӯҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” Олимхон Сафолов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Деваштич.
Аз рӯйи чанд навори видеоӣ, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар гуруҳи Фейсбукии “Басманда” гузоштанд маълум аст, ки селхезӣ бештар ба роҳҳо зиён расонидааст
Баъзе аз манобеи “Азия-Плюс” гуфтаанд, дар натиҷаи селхезӣ роҳи деҳаи Метк пурра хароб гардида, ҳоло сокинон тавассути роҳи деҳаи Росровут ҳаракат мекунанд.
Гуштингири тоҷик дар Қирғизистон сазовори медали биринҷӣ гардид
Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дирӯз, 19 июн оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, ки Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд.
«Варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн низ имкон дошт, ки мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид», – менависад манбаъ.
Ҳамзамон дар рӯзи аввал варзишгарон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Аз боронҳои шадид то раъду барқу жола: ҳушдор ба Тоҷикистониён аз ҳавои номусоид
Бинобар номусоидии обуҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз шаҳрвандон хостааст, ки дар гаштугузор дар манотиқи кӯҳӣ аз эҳтиёт кор бигиранд
Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз номусоидии боду ҳаво дар тамоми манотиқи кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, аммо дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат, жола ва ҳамзамон раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати миёнаи ҳаво бошад, наздик ба 8-10 дараҷа поин меравад.
Ҳамзамон шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад.