fbpx

“Дарс 1 июн ба поён расад.” Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба шикояти волидон дар кишвар. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Акс аз Хадамоти матбуотии президент

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “нархи нави таксиҳо бо мо мувофиқа нашудааст”

Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ба мақолаи “Азия плюс” дар бораи боло рафтани нархи таксиҳои фармоишӣ вокуниши расмӣ кард, ки дар он гуфта мешавад, нархҳои нав бо ин ниҳод мувофиқа нашудааст.

Ин ниҳод бо ирсоли мактуби расмӣ менависад, ки “то ба ҳол ба Хадамот дархост дар хусуси баланд бардоштани нархи роҳкирои таксиҳо аз ҷониби ширкатҳои мусофиркашонӣ ва “Душанбехадамотнақлиётрасон” ворид нагардидааст ва болоравии нархи он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида нашудааст”.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 31 август “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дода буд, ки роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе расман қиммат шудааст.

“Дарс 1 июн ба поён расад.” Посух ба шикояти волидон дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба шикоятҳои пайиҳами сокинон дар бораи онки дарс дар мактабҳои кишвар то нимаи моҳи июн ва авҷи гармӣ идома ёфта, боис ба нороҳатии онҳо ва фарзандонашон мешавад, посух дод.

Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар як мактаб дар Душанбе пешниҳод кард, ки “соли таҳсил дар мактабҳо ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад.” Вай аз Вазорати маориф ва илм хост, хулосаи худро ба ҳукумат пешниҳод карда, заминаро барои ислоҳи санадҳо фароҳам биоранд.

Президент далели тасмимро ба “мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдо шудани бемориҳои сироятӣ, ҳолати равонии кӯдакон…” вобаста донист.

Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол дар мавриди кай ба поён расидани дарс дар мактабҳои Тоҷикистон миёни баъзе аз волидон ва Вазорати маориф ва илм баҳси калон бархост.

Аксар волидон дар шаҳрҳо ва деҳаҳои Тоҷикистон дар оғози моҳи июни имсол шикоят карданд, ки таҳсил дар авҷи гармӣ барои фарзандонашон сахт аст ва бояд онҳо ба таътили тобистона фиристода шаванд.

Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд

Тоҷикистону Русия шумораи парвозҳои мустақимро миёни ду кишвар афзоиш хоҳанд дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Русия, аз 27 август парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ҳамин тариқ, ширкати русии UTair Airlines санаи 31 август, 2, 4 ва 5 сентябр парвозҳо аз Маскав (Внуково) ба Душанберо анҷом медиҳад. Аз 7 сентябр парвозҳо дар масири Маскав – Душанбе ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.

Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав (Внуково) тариқи ин ширкат рӯзҳои 1, 3, 5 ва 6 сентябр ва аз 8 сентябр – ҳар рӯз ба нақша гирифта шудаанд.

Аз 27 август ширкати Сомон Эйр ҳар рӯз парвозҳоро ба самти Душанбе – Москва – Душанбе анҷом медиҳад.

Ҷадвали парвозҳо ба минтақаҳои Русия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ширкати Ural Airlines нақша дорад, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мунтазам анҷом диҳад.

Дар ним сол буҷаи Тоҷикистон 6,5% барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии даромадҳо ба Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба зиёда аз 15,4 млрд сомонӣ (беш аз 1,3 млрд доллар) баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 5,1% ё қариб 783 млн сомонӣ (69 млн доллар) зиёд аст.

Даромади буҷет аз ҳисоби сарчашмаи асосӣ – пардохти андозҳо барзиёд иҷро шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ 70%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди 65%-и даромадҳо аз пардохти андоз аз ҳисоби се андози асосӣ ба вуҷуд меояд: ААИ, андоз аз даромад ва андоз аз фоида.

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал буҷет ба андозаи 6,5% ё худ қариб 810 млн сомонӣ (зиёда аз 70 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда иҷро шуд.

Эълони омори тозаи сироят, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шабнурӯзи гузашта 35 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 16 852 нафар мубталои вируси корона шудааст.

Инчунин, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, дар як рӯзи охир 38 нафар беморони гирифтори коронавирус шифо ёфтанд. Дар маҷмӯъ, 16 698 нафар аз сирояти нави коронавирус шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз замони кашфи нахустин ҳолати коронавирус дар Тоҷикистон то кунун ин вабои аср ҷони 124 нафарро гирифтааст.

Сафорат: Дар ҷанҷоли Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд

Дар Маскав рӯзи 27 август муҳоҷирон боз ба муноқишаву ҷанҷол даст зада, ВАО аз боздошти 50 нафар шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ хабар доданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав изҳор мекунад, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок накардаанд.

“Маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони мо пас аз ин ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Маскав асос надошта, аз рӯйи ин ҳодиса ягон шаҳрванди Тоҷикистон боздошт нашудааст”, – илова кардаанд дар намояндагии дипломатӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 август дар кӯчаи Баумани шаҳри Маскав муноқишаву занозании навбатии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend