Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тарҳи ҚҶТ “Дар бораи авф”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки дар асоси он авфи 16 ҳазор маҳбус дар назар аст. Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.
Интизор меравад, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби парлумон, рӯзи 6-уми сентябр дар иҷлосияи ғайринавбатии парлумон, ки онро президент даъват кардааст, қабул мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.
Киҳо аз ҷавобгарӣ озод мешаванд?
Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.
Бартарӣ ба кӣ дода мешавад?
Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.
Чанд нафар ба озодӣ мебароянд?
Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 ҳазор нафар татбиқ мегардад. Аз ин миқдор озод мешаванд;
– 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо;
– 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон;
– 350 нафар судшавандагон
– Наздики 3 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ;
– Як ҳазору 900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат
– 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ;
– Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.
Авф ба киҳо татбиқ намегардад?
Авф нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.
Қонун дар муҳлати чанд моҳ иҷро мегардад?
Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.
Киҳо барои иҷрои он вазифадор шудаанд?
Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохиливу адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти кишвар, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад.