fbpx

Наздики 40 миллиард сомонӣ: Ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар 6 моҳ 8,7% зиёд шудааст

Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, дар панҷ соли охир ин нишондиҳандаи баландтарин мебошад.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ наздики 40 млрд сомонӣ (беш аз 3,5 млрд доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 5,2 фоиз зиёд аст.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд.

“Рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2020-ум 9,2 фоиз), кишоварзӣ 8,1 фоиз (8,2 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,1 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2020-ум 4,6 фоиз коҳишёбӣ), мусофиркашонӣ 19,6 фоиз (8,7 фоиз коҳишёбӣ), гардиши савдои дохилӣ 17,2 фоиз (5,2 фоиз коҳишёбӣ), боркашонӣ 2,3 фоиз (3,3 фоиз коҳишёбӣ), хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 13,2 фоиз (14 фоиз коҳишёбӣ дар ҳамин давраи соли 2020-ум) ва гардиши савдои хориҷӣ 42,8 фоиз (1 фоиз), аз ҷумла содирот 1,9 маротиба (14,6 фоиз) таъмин гардид”- гуфтанд дар нишасти вазорат.

Ҳамчунин қайд гардид, ки сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки аз ҳисоби 5,1 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 1,6 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Дар ин давра 78 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 963 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 16 млрд 632,5 млн сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ,  содироти мол 1 млрд 231,6 млн долларро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 577,2 млн доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст. Воридоти мол ба кишвар ба 1,85 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои ҳамин давраи соли гузашта 345,6 млн доллар ё 23 фоиз зиёд шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend