fbpx

Соҳибкори саховатпеша Ҳоҷӣ Маҳмудҷон боз ба ду оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ тӯҳфа кард

Соли гузашта ӯ ба 5 оилаи ниёзманди дигар дар шаҳри Душанбе манзилҳои истиқоматӣ туҳфа карда буд.


-1
-1 points
Акс аз видео

Пас аз нашри навори “Зиндагии 17 нафар дар як хона” аз рӯзгори вазнини оилаи Исматовҳо, ки 5 фарзанди дорои маъюбият доранд ва дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, соҳибкори саховатпеша барояшон манзили зист туҳфа кард.

Ин соҳибкори саховатпешаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” ва вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе мебошад.

17 нафар дар як хона

Пас аз тамошои навор соҳибкор ба манзили истиқоматии ин оила омада, сараввал деги калон гузошта ба ҳамсояҳои онҳо ош тақсим мекунад. То он ин дам  соҳибкори хайрхоҳ алакай барои ин оила ҳавлии барҳавое харидаву онро таъмир намудааст.Пас аз тақсими ош Ҳоҷӣ Маҳмудҷон аз аҳли ин оила  хоҳиш мекунад, ки ба мошинҳои овардааш савор шаванд. То охирин лаҳза оилаи Исматовҳо намедонистанд, ки ба куҷо равонаанд.

“Касе аз аҳли оила намедонист, ки соҳибкори маъруф онҳоро ба куҷо мебарад, вале… Баъдтар маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои ин оилаи камбағал дар маркази шаҳр ҳавлии хеле калон ва зебою пуршукӯҳе харида, алакай онро таъмир намудааст. Вақте калиди ҳавлиро ба дасти Исматовҳо супурданд, тамоми аҳли оила зор-зор гиря карданд, вале ин ашкҳо, ашки шодӣ буданд”,- навиштааст, Youtube-канали Оила.

Манзили нави Исматовҳо аз 5 ҳуҷра ва ҳавлии калон иборат буда, бо тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолину парда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ, дастгоҳи хӯрокпазӣ ва косаву табақ таъмин карда шудаанд. Соҳибкор ҳатто маҳсулоти хӯроквориро ба монанди орду равған, биринҷу шакар, картошкаву пиёз ва ғайра барои ин оила захира намудааст.

Акс аз видео

Ҳамчунин Маҳмудҷон барои се аъзои ин оила, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанд, чиптаи ҳавопаймо харидааст, то онҳо ба назди фарзандонашон баргарданд.

Ин оила муддати 20 сол дар ҳуҷраи танги хобгоҳе зиндагӣ мекарданд, ки аз нарасидани ҷой шабҳо аҳли оила қариб, ки рӯ ба рӯ хоб мерафтанд. Фарзанди калонии хонадон Беҳрӯз аз алами бехонагӣ як маротиба қасди худкушӣ намуда, сирко нӯшидааст, то барои падару модараш дарди сари зиёдӣ нашавад, аммо худкушиаш ба нокомӣ меанҷомад.

“Аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд”

Сомонаи “Оила” барномае таҳти унвони “Умеди охирин” дорад ва дар он оиди зиндагии сангини шаҳрвандони кишвар нақл мекунанд, ки қаблан оиди зиндагии як сокини шаҳри Турсунзода Малика Қувватова навореро нашр карда буд.

Ин зан ду фарзанди дорои маъюбият дошта 25 сол буд, ки бо онҳо дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекард. Шавҳари зан чандин сол пеш вафот карда будаасту бори зиндагӣ бар дӯши ӯ мондааст.

Пас аз нашри навор оиди зиндагии Малика ва фарзандонаш соҳибкор Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ба аёдати ин оила меравад ва шароити зиндагии онҳоро аз наздик дидан мекунад. Сипас ба онҳо ваъда медиҳад, ки мушкилашонро ҳал хоҳад кард.

Аввал қарор медиҳад, ки ба онҳо хонаи истиқоматиро аз биноҳои баландошёна бихарад. Сипас ояндаи писаронро фикр карда барои онҳо як ҳавлии панҷҳуҷрагиро бо баъзе аз ҷиҳозҳои лозима туҳфа мекунад ва иловатан ба онҳо боз 20 ҳазор сомонӣ тақдим мекунад. Ҳамчунин ваъда медиҳад, ки писарони ин оила Ҳасан ва Ҳусейнро хонадор мекунад.

Акс аз видео

“Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Ҳусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд”, -навиштааст, Оила.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайрхоҳонааш аллакай дар байни мардум машҳуру маҳбуб гаштааст. Соли гузашта ӯ ба 5 оилаи ниёзманди дигар дар шаҳри Душанбе манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ тӯҳфа карда буд. Соли 2018 бошад бо харҷи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ мактаб – интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими пойтахтро таъмир карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend