fbpx

Вазири маориф: Донишҷӯёни тоҷикро аз Қирғизистон бе мамониат ба донишгоҳҳои худамон интиқол мекунем

Донишҷӯён барои интиқол бояд ба Вазорати маориф дархост гузоранд.


0

Вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфт, ҳар донишҷӯйи тоҷике, ки намехоҳад таҳсилро дар Қирғизистон идома диҳад, бе ягон мамониат ба кишвар оварда мешавад.

Ин нуқтаро вазири маориф зимни нишасти матбуотии ниҳодаш рӯзи 16-уми июл иброз дошт. Ӯ гуфт, барои интиқол бояд донишҷӯён ба вазорат оиди интиқол муроҷиат намоянд.

Пас аз муноқишаҳои марзии охири моҳи апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон, донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, ки дар ин кишвар мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд. Ҳачунин ҳангоми убури марз сарҳадбонони қирғиз аз онҳо маблағ талаб кардаанд. Вобаста ба ин вазъ бархе донишҷӯён гуфтанд, ки дигар намехоҳанд таҳсилро дар ин кишвар идома диҳанд.

Вазири маориф зимни нишаст бо боварии комил гуфт, ки ягон донишҷӯйи тоҷикро дар нимароҳ намегузоранд.

“То имрӯз ба мо муроҷиатҳои зиёд омада истодаанд ва мавриди баррасӣ қарор доранд. Донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекарданд аз рӯи ихтисос ва гуруҳбандӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ягон донишҷӯ дар нимароҳ намемонад ва таҳсилро дар ватан идома медиҳад”, – гуфт, вазири маориф.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ду шакл таҳсил мекунанд: квота ва мутақилона. Танҳо донишҷӯёни мустақилона ба донишгоҳҳои Қирғизистон дохил шуда, зиёда аз 2000 нафар мебошанд.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки донишҷӯёне ки наметавонанд барои гирифтани ҳуҷҷатҳояшон аз донишгоҳҳо ба Қирғизистон сафар кунанд, вазорат ба воситаи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳуҷҷатҳои онҳоро дастрас мекунад.

Чанде пеш ба сомонаи Your.tj як донишҷӯи тоҷик, Нуриддин Садриддинзода, ки дар  Донишгоҳи тиббии Ош таҳсил мекард, оиди вазъияти донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон пас аз муноқишаҳои марзӣ нақл карда буд.

Тибқи гуфтаҳои ӯ, як гурӯҳ ҷавонони қирғиз ҷамъ омада дар кӯчаҳо донишҷӯёни тоҷикро лату кӯб мекарданд, ҳангоми убури марз бошад, онҳоро маҷбур мекардаанд, ки тамоми маблағҳои дар ҷайбашон доштаро бароварда диҳанд. Аз ҷумла Нуриддин низ бо ин амали сарҳадбонони қирғиз дучор омада буд

Нуриддин Садриддинзода бо муроҷиат ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ дигар дар фикри хондан дар ин кишвар нест ва то амнияташ таъмин нашавад ба Ош барнамегардад.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend