fbpx

Лола Олимова оиди барномаи муаллифиаш “Нишасти коршиносӣ”. Подкасти “Медиаи нав”

Барномаи мазкур моҳе ду маротиба дар саҳифаи фейсбукии CABAR.asia бо забони рӯсӣ пахш мешавад.


0

Пайдо кардани коршинос барои таҳлили ин ё он масъала барои журналистон дар Тоҷикистон ба мушкилӣ даст медиҳад. Коршиносон, хусусан дар Тоҷикистон зиёданд, аммо на ҳамаи онҳо барои суҳбати ошкоро  бо журналистон омодаанд. Ин гуфтаҳоро муҳаррир ва ҳамоҳангсози барномаҳои IWPR дар Тоҷикистон Лола Олимова тасдиқ намуд.

Айни ҳол, Лола барномаи муаллифии худро таҳти унвони “Вохӯрии коршиносӣ бо Лола Олимова” тариқи онлайнӣ роҳандозӣ намудааст. Ӯ дар барнома коршиносони ин ё он соҳаро аз тамоми Осиёи Марказӣ гирд оварда, мавзӯъҳои муҳими рӯзро матраҳ мекунанд.

“Мо пештар низ чунин вохӯриҳоро бо коршиносон баргузор мекардем, аммо вақте пандемия ҳама оламро фаро гирифт, тасмим гирифтем, ки чунин як барномае дар шакли онлайнӣ ташкил кунем.

Дар ҳақиқат Тоҷикистон коршиносони зиёд дорад, аммо на ҳамаи онҳо барои суҳбати ошкоро розӣ мешаванд. Аз ин ҷиҳат доимо журналистони мо мушликӣ мекашанд, вале боз ҳам “ҷӯянда –ёбанда” аст. Ман кӯшиш мекунам, ки коршиноси лозимаро тариқи ҳамкасбонам ё шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт кунам”, – мегӯяд, Лола Олимова.

Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди журналистони тоҷик шикоят аз он мекунанд, ки навиштани матлаб барои сомонаи CABAR.аsia хеле душвор аст. Зеро онҳо маводҳоеро қабул мекунанд, ки ба стандартҳои ҷаҳонии журналистӣ ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ қисми ками журналистон бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

“Мо кӯшиш мекунем, ки ҳангоми таҳрири матлабҳои журналистон дар санҷиши далелҳо танбалӣ накунем. Мо бо кори худ муносибати масъулиятшиносона мекунем ва аз журналистон низ ҳамин чизро тақозо дорем.

Фикр мекунам, ки бо мо ҳамкорӣ кардан барои рӯзноманигорон душвор нест. Шумо танҳо бояд фаҳмед, ки ҳар як калимаи навиштаатон бояд тасдиқ карда шавад, то ки пас аз нашри матлаб мушкилиҳо пеш наоянд.

Махсусан ҳангоми муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, маълум шуд, ки журналистон тавозунро нигоҳ намедоранд. Ин амал даргириро дар марз  шадидтар кард. Мо ки дафтари кориамон дар Қирғизистон низ фаъолият мекунад, дар инъикоси муноқишаҳо тамоми стандартҳоро риоя намудем. Яъне он чизе аз журналистон талаб дорем, аввалан худамон риоя менамоем ”, – шарҳ медиҳад, Лола.

Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон  марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend