fbpx

Муноқишаи марзӣ: Аз таъмири хонаҳои сокинон то аломатгузории 112 километр хати сарҳад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Хонаи сокини деҳаи Хоҷаи Аъло пас аз муноқишаҳои марзӣ. Акс аз Азия-Плюс

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати низомиёни қирғизе, ки ба Исфара ҳамла карданд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии Қирғизистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 29 апрел парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

“Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона  ба ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфрра соати 11-и рӯзи 29 апрел нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон иборат аз тақрибан 200 нафар мутобиқи моддаи моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои прокуратура, таҳрикдиҳандаи иғво хизматчиёнии ҳарбии Хадамоти марзбонии Қирғизистон мебошанд.

Қаблан Прокуратураи Қирғизистон аз рӯйи далели муноқиша дар марз бо Тоҷикистон тибқи моддаи “Ҷиноят зидди сулҳ”-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон оид ба рӯйдодҳо дар сарҳад бо Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май 112 километр қитъаи сарҳадро муайян мекунанд

Қирғизистону Тоҷикистон то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд, гуфтааст раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар деҳаи Оксат.

Тавре 24.kg иттилоъ медиҳад, ӯ изҳор доштааст, ки оид ба якчанд қитъаҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расидаанд. Нишон додани он дар харитаҳо бояд то 9 май ба анҷом расад.

Зимни вохӯрии сарои кишварҳо созишнома ба имзо расида, сипас таъйин ва аломатгузории сарҳад анҷом дода мешавад.

Протоколи имзошударо оид ба таъйину аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо ҳоло расман шарҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки  қариб нисфи он (зиёда аз 370 километр) дар маҳал нишон дода нашудааст.

Дар муноқишаи марзӣ 14 хонаи тоҷикон пурра вайрон шуд

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ байни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар ҳудуди се ҷамоати Исфара, 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шудаанд. Инчунин, як иншооти ёрирасон зарар дидааст, иттилоъ додааст кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Дар изҳороти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфта мешавад, ки аз маҳалли низоъ тақрибан 15 ҳазор нафарро ба маҳалли амн кӯч додаанд ва феълан ҳамаи онҳо ба ҷойи зисти худ баргаштанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар натиҷаи муноқишаи марзӣ 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифт.

Бар асари муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар байни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистону Лайлаки Қирғизистон сар зад, даҳҳо хонаву иншооти иҷтимоӣ вайрон шудааст. Аз ҳарду тараф беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва беш аз 50 кас ҷон додаанд.

Хонаҳои дар ҷанг зарардидаро давлат барқарор мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, хонаҳои сокинони деҳоти наздимарзиро, ки бар асари муноқиша бо Қирғизистон вайрон шуданд, дар муддати як моҳ барқарор мекунад. Дар ин бора рӯзи 3-юми май дар як ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти вилояти Суғд хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, “хонаҳои афроде, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъмир мешавад.” Айни замон, ба гуфтаи ӯ, “аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кумакҳои моливу пулӣ дода мешавад.” Раиси вилояти Суғд ва на мақомоти дигари Тоҷикистон дар бораи хисороти муноқиша дар марз, захмиён ва ҳалокшудагон чизе нагуфтаанд.

Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гуфтааст, “шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра вайрон шудааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.”

КҲФ: шумори осебдидагон аз сӯхтор дар НФС-и Душанбе 29 нафар аст

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд.

“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, – омаааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад. Ёдрас мекунем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад.

Президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми май хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Замони дақиқи сафари Тоқаев зикр нашудааст.

Ин дувумин сафари Тоқаев ба Тоҷикистон дар мақоми президенти Қазоқистон мебошад. Ӯ моҳи июни соли 2019 барои ширкат дар Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки охири ҳафтаи гузашта миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон — ҳамсоякишвари Қазоқистон даргириҳои хунин сурат гирифт. Бар асари ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ду тараф ҷон бохтанд.

Охири ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Қазоқистон аз хатми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кард.

Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчунин бо раиси президенти Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend