Латукӯби сарбозон дар Тоҷикистон

8 нафарро аз 9,5 то 11,5 солӣ барои латукӯби сарбозон ба зиндон ҳукм кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми июн барои иштирок дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президент хабар доданд.

Акс аз хадамоти матбуоти президент

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин раҳбарони Узбекистону Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.

Аврупоро дар ин вохӯрӣ раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин нишаст мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар назар аст. Вале дар бораи мавзӯи суҳбат раҳбарони кишварҳо хабар дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, дар ин ҳамоиш вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни минтақаҳо баррасӣ шуда, доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат мегирад.

Мулоқоти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел 27 октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуда буд.

8 нафарро аз 9,5 то 11,5 солӣ дар робита ба навори латукӯби сарбозон ба зиндон ҳукм кардаанд

Ба подполковник ва сарбозоне, ки баъди нашри навори латукӯби наваскарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуда буданд, аз 9,5 то 11,5 сол ҳукми зиндон содир шудааст. Қарорро Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии баровардааст. Онҳо як моҳ пеш дастгир шуда буданд.

Намогирифт аз навори латукӯби сарбозон

Иттилоъро манбаи “Азия-Плюс” тасдиқ карда гуфтааст, ки 6 гумонбар ҳукм гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, судяи Колегияи ҳарбии Суди олии Тоҷикистон Матин Бобозода дирӯз, 30-юми май, дар бинои гарнизони Хуҷанд, ҳукми онҳоро содир кард.

Ба тасдиқи манбаъи дигар подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон ва сержант Ҷонибек Қосимзода 11 солу 6 ва 4 сарбози дигар 9 солу 6 моҳӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.

Аммо Радиои “Озодӣ” санаде дарёфтааст, ки бар асоси он подполковник Нузҳат Лазуриев ва ​ҳафт сарбози собиқ

  • Ҷонибек Қосимзода 9 солу 6 моҳ;
  • Фахриддин Азимов 9 солу 6 моҳ;
  • Маҳмадназар Нозимов 9 солу 6 моҳ;
  • Суннатулло Холматов 9 солу 6 моҳ;
  • Ҳоҷиакбар Сайфуллоев 11 солу 6 моҳ;
  • Аъзамҷон Камолов 11 солу 6 моҳ;
  • Шамсулло Юсупов 11 солу шаш моҳ,

дар умум 8 нафар аз озодӣ маҳрум шудаанд. Сарбозонро ба “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” гунаҳкор донистаанд. Қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қаблан гуфта мешуд, ки подполковник Нузҳат Лазуриев ва  Ҷонибек Қосимзода ба сӯистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ) айбдор мешавад. Ин банди қонун ҷазо дар намуди аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Сарбозон Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, ки дар латукӯби сарбозон гумонбар буданд, барои “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” (қисми 2-и моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ) муттаҳам мешаванд. Барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндон муайян шудааст.

Таҳқиқи парвандаи мазкур қариб як моҳ идома кардааст.

Назари худи афсарону сарбозон, наздикон ва вакили дифои онҳо дар робита ба парванда ва ҳукми суд маълум нест.

Афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси эътирози корбарони интернетӣ гардид.

Радиои Озодӣ навишт, ки панҷ сарбоз муҳлати хидмати ҳарбиро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи “дедовшина” ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Қарори бастани бахши қирғизии Радиои “Озодӣ”-ро тағйир надоданд

Дар Қирғизистон қарори бастани “Азаттик Медиа” – бахши қирғизии “Радиои Озодӣ”-ро тағйир надоданд. Шикояти ин расона дар мавриди ғайриқонунӣ эътироф кардани қарори Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон дар бораи бастани сомонаҳои “Азаттик Медиа” 30-юми май дар Суди шаҳри Бишкек баррасӣ шуд.

Акс аз расонаҳо

Вакили мудофеи “Азаттик Медиа” дар суд гуфт, қарори Вазорати фарҳанг дар бораи бастани сомонаҳои радио ғайриқонунист ва ӯ аз суди шаҳрӣ дар Бишкек хост, қарор бекор карда шавад.

Суд дархости вакилро қонеъ накард ва қарори зинаҳои поёнии судро бе тағйир гузошт.

Вакили мудофеъ гуфт, қарори бастани сомонаҳои радио бо қонуншиканӣ содир шуда ва ин қонуншиканӣ аз сӯи суд ба эътибор гирифта нашудааст.

Намояндаи Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар додгоҳ гуфт, сомонаҳои “Азаттик Медиа” барои он баста мемонанд, ки гузориш дар бораи низои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳамоно аз сомонаҳо пок карда нашудааст.

Вакили мудофеи “Азаттик Медиа” тасмим дорад, ба зинаҳои болотари судӣ шикоят барад.

Skip to toolbar