fbpx

Садамаи ноболиғ ва марги кӯдаки чорсола

Ронандаи 16-сола дар роҳи автомобилгарди деҳаашон суръатро баланд карда, идораи нақлиётро аз даст додааст.


0
Садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон
Акс аз сомонаи ВКД

Дар натиҷаи як садама дар ноҳияи Рӯдакӣ як кӯдаки чорсола ба ҳалокат расидааст. Ноболиғи 16-сола дар сари чанбараки автомашинаи “Мерседес”-и бародараш будааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, сокини 16-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми рондани “Мерседес-Бенс”-и бародараш, дар роҳи автомобилгарди деҳаашон суръатро баланд кардааст. Ҳодиса рӯзи 30-юми май, тақрибан соати 08:25 дақиқа рух додааст.

“Вале аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии канори роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст”,- омадааст дар хабар.

Дар натиҷа писарчаи 4-сола, ки ҳамроҳи ронанда будааст, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Раёсати БДА-и Тоҷикистон мегӯяд, зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд. Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend