Дар Тоҷикистон рӯҳониро зиндон карданд

6 соли зиндон ба рӯҳоние, ки рақсу бозиро дар тӯй манъ карда буд

Абдулҳаннон Маннонов, рӯҳонии 51 – сола, ки дар тӯйи бародарзодааш рақсу сурудхониро манъ карда буд, бо қарори Суди вилояти Хатлон 6 сол равонаи зиндон шудааст. Ҳукм охири ҳафтаи гузашта эълон шудааст.

Дар ин бора “Радиои Озодӣ” хабар дод.

“Додрас ӯро ба даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кард”, – менависад манбаъ.

Ба иттилои радио вакили мудофеъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷараёни тӯй нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки як марде бо қиёфаи рӯҳонӣ монеи рақсу сурудхонӣ гардида, меҳмононро меронад.

Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карда, хостори таҳқиқи он аз ҷониби мақомоти зиддахл шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ наворро шарҳ дода, рӯзи 27 – уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам задааст.

Худи Маннонов дар навори мақомоти корҳои дохила гуфт, ки аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.

Skip to toolbar