“500 сомониамро дуздиданд”. Чӣ гуна худро аз қаллобони интернетӣ эмин дорем?  


Шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо ва почтаи электронӣ аз қаллбони номаълуме, ки аз онҳо бо ҳар гуна баҳона маълумоти корт ва ҳамёни электрониатонро пурсон мешаванд, зиёд шудааст.

Чӣ кор бояд кард, то ба доми қаллобон наафтид ва саволу хоҳишҳояшон чӣ гуна бояд ҷавоб дод? Қаллобонро аз рӯи қонунгузорӣ чӣ интизор аст? Муаллифи Your.tj дар суҳбат бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ ва ҳуқушиноси яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин суолҳо посух гирифт.

“500 сомониро аз кортам дуздиданд

Яке аз нафарони ба доми қаллобон афтида Ҳабиба Рустамова, сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара мебошад. Ӯ мехост дар Somon.tj коляскаи фарзандашро бифурӯшад, аммо ба ҷойи онро фурӯхтан аз 500 сомонии дар корташ буда маҳрум шуд.

“Эълонро дар сомона ҷойгир кардам, ки аз як рақами ғайриоддӣ занг омад, ҷавоб додам ва он нафар худро Муслим муаррифӣ карду гуфт: “Апаҷон коляскаатон ба мо зарур аст, мо онро харидорӣ карда ба як зани ночор медиҳем, ки ба шумо низ савобаш мерасад”. Барои маблағро ба кортатон гузаронидан бояд чанд корро якҷоя анҷом бидиҳем”. Ман ҳайрон шудам, вале кори савоб буданашро ба назар гирифта дарҳол розӣ шудам”, – мегӯяд Ҳабиба.

Пас аз чанде он нафар ба Ҳабиба пешниҳод кардааст, ки суҳбатро дар Whatsapp давом диҳанд. Қаллоб дар Whatsapp аз қурбонии худ рамзи ба телефон омадаро пурсон шуда гирифтааст, ки баъдан аз корти Ҳабиба 500 сомонӣ гум мешавад.

Ба монанди Ҳабиба нафарони ба доми қаллобон афтида зиёданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз корбарон маслиҳат пурсон мешаванд, то чӣ гуна дар оянда ба доми қаллобон наафтанд.

Боз бо чӣ роҳҳо мизоҷони бонкҳоро фиреб медиҳанд?

Акси мавзӯӣ аз манбаҳои боз

Муаллифи Your.tj бо Анварҷон Ҳусейнов, роҳбари марказии идоракунии фурӯши чакана ва Камолҷон Ғафуров ҳуқуқшиноси бонки Эсхата ҳамсуҳбат шуд ва ба саволҳои такроршавандаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ посух гирифт.

– Бо роҳи гирифтани маълумоти шахсии мизоҷ оид ба суратҳисоб, корт, ҳамёнҳои электронӣ, ки набояд мизоҷ чунин маълумотҳоро ба шахси сеюм диҳад. Аз ҷониби бонкҳо барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо мунтазам корҳои фахмонадиҳӣ гузаронида мешавад. Масалан, тариқи телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ, СМС-пайёмакҳо роҳҳои эмин будан аз ҳолатҳои ба доми фиреби қаллобон афтодан фаҳмонида мешавад.

Одатан, кадом гурӯҳи мизоҷон ба доми фиребгарон меафтанд?

– Бештар онҳое, ки зудбовар ҳастанд ва  дар бораи амалиётҳои молиявӣ ва ҳуқуқи худ маълумоти пурра надоранд.

Вақти ба доми қаллабон афтидан бояд чӣ кор кард?

– Дар ҳолати ба доми фиребгарон афтодани мизоҷон, онҳо бояд ба филиали Бонк, ки дар он ҷо хизматрасонӣ карда мешаванд, фавран муроҷиат кунанд.

Рақами маркази тамоси  бонкҳо: 

Бонки Эсхата –  808

Алиф – 900

Душанбе сити – 446309999  

Мизоҷне, ки нохудогоҳ ба доми фиребон меафтанд, ҳатман доир ба ҳолати қаллобӣ  маълумоти пурра бояд пешкаш намоянд. Бонк дар доираи салоҳият ва имкониятҳои техникиаш то қадри имкон кӯмак мерасонад.

Қаллобонро чӣ ҷавобгарӣ интизор аст?

Тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон барои фиребгарӣ ва ё дуздӣ аз корт ва ҳамёни электронӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, аз рӯи Кодекси ҷиноятии ҶТ чунин намуди ҷиноятҳо вобаста ба дуздии маблағ аз ҳамёни мобилӣ ё аз кортҳои пардохтии бонкӣ пешбинӣ шудааст: 244 (Дуздӣ), 245 Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, 247 (Қаллобӣ) ва ё 253 (Расонидани зарари молу мулки бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ). Барои ҷиноятҳои дар боло зикршуда тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намуди ҷазоҳо муқаррар карда шудаанд:

Барои ҷинояти “Дуздӣ” аз ҷарима ба андозаи аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо оғоз карда, то дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ;

Барои ҷинояти “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то понздаҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол;

Барои ҷинояти “Қаллобӣ” ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол;

Барои ҷинояти “Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ” ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқӣ ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он;

Инчунин бояд қайд кард, ки вобаста ба ҳар як ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дигар намуди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо имкони пешбинӣ гардидан дорад.

Ба муштариёни бонк боз чӣ гуна машварат медиҳед, то аз қаллобон эмин бошанд?

– Ба шахсони бегона ва ё ҳар гуна сомонаҳо маълумоти шахсии худро пешкаш накунанд. Зеро дар ин ҳолат имконияти дучор шудан ба қаллобон ба миён меояд. Пеш аз ягон амалиети бонкиро, масалан, хариду фуруш тариқи сомонаҳо, сараввал фаъолияти он сомона, таърихи таъсисёбӣ, рейтинг, фикру мулоҳизаи мушатриён ва дигар маълумотҳоро санҷида, баъдан хулосабарорӣ намоянд.

Файзуллохон Обидов