“Сомон Эйр” парвозҳо аз Русияро бо таъхир иҷро мекунад. Ҳавопаймо намерасад?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Airlines Inform

Парвандаи як вакилро дар Суғд ба додгоҳ фиристоданд

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи як вакили дифоъро аз вилояти Суғд, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Оҷонсӣ рӯзи 4-уми июл дар баёнияи расмӣ гуфт, Баҳром Маъруфов аз як сокини вилоят барои беэътибор кардани ақди никоҳи ӯ бо ҳамсараш 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ӯро ҳангоми гирифтани ин пул боздошт кардаанд.

Назари Баҳром Маъруфов маълум нест ва дигар инки адвокатҳо барои ҳимоят аз ҳаққи касе дар додгоҳ бар асоси қонун пул мегиранд.

Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад

Рӯзҳои 6 то 8 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Зиёни офатҳои табиӣ дар Хатлон 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуд

Мақомоти Хатлон зарари ҳодисаҳои табииро дар ин вилоят дар шаш моҳи охир беш аз 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Ҷамшед Холиқзода, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сел рӯзи 4-уми май танҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 300 метр роҳи байнулмилалиро вайрон кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сел рӯзи 20-уми июн дар ноҳияи Хуросон се хонаро пурра вайрон кард ва хатҳои обгузару дастгоҳҳои обкашониро хароб намуд.

Ба иттилои масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон, “офатҳои табиӣ имсол дар вилоят талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд”.

“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?

Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба таъхир афтодани вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург – Душанберо рӯзи 4 июл соати 14:00 ба “сабаби корӣ” рабт доданд.

Рӯзи 4 июл парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово ба таъхир афтод. Дар ширкати ҳавопаймоӣ инро “сабаби корӣ” шарҳ доданд.

“Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург – Душанбе рӯзи 4 июл бо тағйирот дар ҷадвали парвозҳо бо сабабҳои кории марбут ба интиқоли зойирин анҷом дода шуд. Ҳавопаймо соати 17:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ парвоз кард”, – хабар доданд аз ширкат.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати “Сомон Эйр” барои аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои маросими ҳаҷ бояд 23 парвоз анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ширкат ҳамагӣ 4 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки парвоз иҷро мекунанд. Ширкат ба 24 самт, аз ҷумла шаҳрҳои Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар роҳи Душанбе – Бадахшон нақб сохтаанд

Дар як гӯшаи хатарноку осебпазири роҳи Душанбе-Бадахшон нақби 356-метрӣ сохтаанд.

Ин қитъаи роҳ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст ва ҳар сол зери об монда, равуо имконнопазир мешавад.

Роҳсозон мегӯянд, нақбро то охири имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.

Вадуд Қурбонов, яке аз онҳо охири моҳи июни имсол гуфта буд, “сохмтони туннели Ширговад барои соли гузашта оғоз шуд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист.”