Дар вилояти Курски Русия аз хӯрдани шаурма 22 нафар заҳролуд шуданд, ки яке аз онҳо ба ҳалокат расид. Дар робита ба ин чор зодаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.
Хадамоти матбуоти муттаҳиди низомии додгоҳии вилояти Курски Русия хабар медиҳад, ки онҳо бо моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, ки боиси марги инсон аз беэҳтиётӣ шудааст) муттаҳам мешаванд.
Се гумонбар – молики 50-солаи дӯкони “Шаурма на Гагарина” Мансуршоҳ Фаёзов, бародарзодаи 23-солааш Шаҳриёр Фаёзов, ки ба ҳайси ошпаз кор мекард ва модари ин ҷавон Дилбар Санговаро, ки низ шаурма омода мекард, суд ба муддати 2 моҳ ба ҳабси хонагӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, Парвиз Алимардонзода, ошпази 21-сола, ки муҳлати сабти номи муваққатиаш рӯзи 17 сентябр ба итмом мерасад, барои 1 моҳу 29 рӯз ба ҳабс гирифта шудааст.
Молики фурӯшгоҳ ва ошпазҳоро рӯзи ҷумъа кормандони Кумитаи тафтишот дар чаҳорчӯби таҳқиқи заҳролудшавии оммавӣ аз шаурма дар Лгов боздошт карданд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Курск, 22 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдаку наврас бо нишонаҳои заҳролудшавӣ муроҷиат кардаанд. Яке аз шахсони заҳролудшуда, духтари 23-сола ба ҳалокат расидааст.
Ба зодагони Тоҷикистон мутобиқи иттиҳоми эълоншуда, ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад ҳазор рубл ё кори маҷбурӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то шаш сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо таҳдид мекунад.
Зикр мегардад, ки нуқтаи фурӯши “Шаурма на Гагарина” тақрибан 6 сол инҷониб фаъолият дошт ва яке аз маъмултарин дар шаҳр ба шумор мерафт. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки дар онҷо шаурмаи аз ҳама хуштаъм тайёр мекарданд.