Дар ҷомеа инсонҳо пешаҳоеро ихтиёр мекунанд, ки барои мардум манфиатовартар нисбат ба дигар касбҳо аст. Комилов Мирсодиқ аз зумраи он нафароне аст, ки миёни мардум бо касби қабрканӣ ва нигаҳбонии оромгоҳи деҳа маъруфият пайдо кардааст. Ӯ муддати 27 сол аст, ки ба гӯрковӣ, нигаҳбонӣ ва ободонии оромгоҳи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич машғул аст.
Оромгоҳи деҳа дар ҳудуди 5-6 гектар ҷойгир буда, таърихи зиёда аз садсола дорад. Қабристон дорои таҳоратхона, ҷанозахона, хонаи гӯрковон, ошхона, меҳмонхона, боғи дорои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, анбори маҳсулоти хӯрока ва асбобу анҷомҳои қабрканӣ мебошад.
Ҳаёти гӯрковӣ ва кору зиндагӣ дар қабристонро худи Мирсодиқ Комилов чунин нақл намуд.
Ивази касби сердаромад ба кори ройгон
Мирсодиқ Комилов аз субҳи содиқ, то намози шом барои нигоҳубуни қабристони деҳааш машғул мебошад. Ӯ дар фаъолияти 27 солаи худ қабристони деҳаро ба гулистон табдил додааст. Ҳоло дар ҳудуди қабристон зиёда аз 1500 дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст. Оромгоҳ барои ӯ мисли фарзандонаш азиз мебошанд, бинобар ин Мирсодиқ ҳаёти худро барои қабрканӣ ва нигоҳубини он бахшидааст. Дар баробари ӯ автомобили тамғаи УАЗ 69 – аш низ дар хизмати мардум ва қабристон мебошад.
Мирсодиқ соҳиби 7 фарзанд мебошад. Се фарзанди писариаш дар мактаб кор мекунанд ва чоруминашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Духтаронаш кайҳо шавҳар кардаанд ва ӯ соҳиби даҳҳо набера мебошад.
Ӯ 68 сол дорад ва аз соли 1993 инҷониб ҳаёти худро дар қабристон сипарӣ мекунад. Мирсодиқ Комилов 27 сол инҷониб дар деҳа масъулияти дафни мурдагон ва хароҷоти қабристонро ба ӯҳда дорад. “То ба касби қабрканӣ шурӯъ кардан солҳо ба ҳайси кафшергар ва устои нақлиёт ба мардум хизмат кардаам. Дар ин 27 сол аз қабрканӣ оғоз карда то ба нигаҳбониву боғбонӣ ва масъули гӯру чӯби мардум ва шикасту рехти гӯристонро ба уҳда дорам. Инҷо қабрҳо ба тартиби муайян ва рӯзу моҳу сол ҷойгиранд ва дафтари қайди мурдагон низ ҳаст. То ба имрӯз зиёда аз 500 гӯр канда ҷасадҳоро зери хок кардаем. Дар даҳсолаи ахир беш аз 300 гӯри нав канда шуд”,- мегӯяд Мирсодиқ.
Қабрҳо бо усули шомӣ ва лаҳадӣ
Дар оромгоҳ қабрҳоро бо усули шомӣ мекананд, вале қабри кӯдакони ноболиғ ба усули лаҳадӣ канда мешаванд. Аз нигоҳи шариат қабр ба андозаи нисфи қомат канда мешавад ва дар он лаҳат сохта мешавад. Аммо дар гӯристони деҳаи Мирсодиқ, ки қабрҳо ба усули шомӣ канда мешаванд, кандани он ба гӯрковон осонтар меафтад. Бинобар ин як гӯр дар муддати ду соат ба дарозии 2 метр, бараш 0,50-0,60 метр, чуқурияш 1,20 – 1,40 метр канда мешавад.
Айни ҳол дар қабристон гурӯҳи 5-10 нафара аз ҳисоби ҷавонони деҳа 4-5 гӯрро пешакӣ омода мекунанд ва Комилов онҳоро ҳамчун роҳбар роҳнамоӣ мекунад. Ӯ ба ҷавонон нозукиҳои касби гӯрковиро меомӯзад. Онҳо баъзан вақт дар як рӯз, то 2 майитро ба хок месупоранд. Дар рӯзҳои ҷаноза барои кӯмак ба назди гӯрковон ҳудуди 40-50 нафар ҷавонон меоянд.
Дар қишлоқи Басмандаи ноҳияи Деваштич бино ба нақли Мирсодиқ тариқати дафн ба расми шаръӣ сурат мегирад: мурдаро аз тарафи қибла дохили қабр мекунанд ва ҳангоми гузоридан дар ҳурфаи қабр мегӯянд: “Ба номи Худо туро ба хок супоридем ва бар миллати расули Худо (с) таслим намудем”. Сипас мурдаро ба паҳлӯи рост хобонда, рӯяшро ба тарафи қибла мегардонанд ва гиреҳҳоро аз кафанаш мекушоянд. “Пас аз ин 3 чӯбро дастак мемонем ва болояш тахта мегузорем, баъдан мардум яке паси дигаре як-ду-се бели болояш хок мерезанд. Бо ҳамин маййит зери хок мешавад ва мардум муддате сари қабр дуохонӣ мекунанду мераванд”, – мегӯяд Мирсодиқ Комилов.
Гургону сагон қабрҳои кӯдакони нав дафншударо мекобанд
Гӯрковҳоро бориши борон ва фурӯ рафтани қабрҳо нигарон мекунад. Қабрҳои бо усули шомӣ кандашуда аксар вақт пас аз рӯзҳои боронии зиёд болояшон фурӯ мераванд. Баъд аз хушк шудани замин қабрканҳо ба наздикони майит хабар медиҳанд ва баъдан ҳамроҳ бо хешовандони майит қабри фурӯрафтаро болопӯш мекунанд.
Комилов мегӯяд: “Гургону сагон низ қабрҳои кӯдакони нав дафншударо бештар мекобанд, ки ин низ мушкилот барои мо аст. Аксар гӯрҳои кӯдакон дар канораҳои қабристон пеши қабрҳои калонсолон гӯр карда мешаванд, бинобар ин ҳайвонҳои ваҳшӣ шаб бо дасташон мекобанд. Баъд саҳар мо ҷойи кофтаи ҳайвонҳоро аз нав барқарор мекунем”.
Гӯрковӣ ва замини қабр ройгон
Кандани қабр аз ҷониби гӯрковон ва порчаи замини барои қабр ҷудомешуда низ ройгон мебошад. Гӯрковон барои кандани қабрҳо зиёда аз 10 намуди олоти корӣ, аз ҷумла, бел, каланд, метин, зоғнул, потеша, арра, лос, табар, ғӯлабур, мехкаш, болға, дост, панҷшох, ароба ва дигар асбобҳоро истифода мебаранд. “Ҳамаи ин олотҳои корӣ аз ҷониби оҳангарони деҳа сохта шудаанд. Ин ҳама хароҷоти қабристонро мардуми хайрхоҳ мепӯшонанд. Инсонҳои саховатпеша аз 10–50 сомонӣ то 100–200 сомонӣ барои ободонии оромгоҳ маблағ медиҳанд. Ҳамзамон муҳоҷирони дур аз ватан аз Русия пайваста маблағ ирсол мекунанд”,- нақл мекунад Комилов.
Пулҳои ҷамъшударо нигаҳбони қабристон Мирсодиқ Комилов барои шикасту рехт ва ободонии оромгоҳ равона мекунад. Ӯ то ҳол дар тӯли 27 соли фаъолияти қабркании худ аз касе бар ивази хизматҳояш подош талаб накардааст. Касби қабрканӣ ва нигоҳубини қабристонро ба он хотир ба ӯҳда гирифтааст, то дар он дунё саодати абадӣ ёбад. Дар радиф ва пайравии Комилов устоҳои деҳа низ барои таъмири ҷанозахонаву таҳоратхона ва анбору ошхона ҳаққи хизмат талаб накардаанд.
Мардуми деҳа хизматҳои Мирсодиқро ба инобат гирифта шахсан ба ӯ барои заҳматҳояш подош медиҳанд ва ӯ онро барои хароҷоти рӯзгораш масраф мекунад.
“Сокинони қишлоқ пеш аз намози аср ва бегоҳиҳои Душанбеву Ҷумъа ба зиёрати наздиконашон ба қабристон меоянд. Яке алафҳои хушкидаи сари қабри падарашро медараваду дигаре ба ниҳоли сабзидаи сари гӯри модараш об мепошад ва саввумӣ ояте тиловат мекунаду онро ба рӯҳи хуфтагони ин манзилгоҳи охират мебахшад. Зиёраткунандагон барои пӯшонидани камбудиҳои ҷойдоштаи оромгоҳ кӯмак мекунанд”, – нақл мекунад Комилов.
Нафари дуввум барои мурдагон
Солҳои зиёди кору зиндагӣ дар замини мурдагон барои Мирсодиқ ба ҳаёти муқаррӣ табдил ёфтааст. Ӯ дар назди мардуми деҳа эҳтироми хоссаеро соҳиб мебошад, ки худ инро ба касби гурковияш марбут медонад. “Касеро, ки Худованд ҷонашро қабз кунад, пас аз наздиконаш дуюмин нафаре ҳастам, ки аз вафоташ огаҳ мешавам. Ба ман дарҳол занг мезананд, ки фалонӣ бандагӣ кард. Агар дар қабристон бошам ҷанозахонаро омодаи намоз мекунам ва пасон аз пайи асбобу анҷоми дафни майит мешавам. Хушбахтона гурӯҳи ҷавонон зуд ба кӯмакам меоянд ва ҳамаи масъулияти гӯру чӯби майитро ба уҳда мегиранд”, – мегӯяд ӯ.
Тобути муҳоҷирон ва COVID-19
Барои қабрканҳо ва мардуми деҳаи Басманда рӯзи “сиёҳ” ҳамон рӯзе аст, ки ба қишлоқ тобути муҳоҷире, ки бо умеди беҳтари намудани зиндагияш ба Русия рафта буд, оварда шавад.
Ба деҳаи Басманда аз шаҳрҳои гуногуни Русия соле як-ду мурдаи муҳоҷирон оварда мешавад. Аз сабаби баста будани сарҳадҳо ва паҳншавии коронавирус чанде аз ҷасади муҳоҷирони диёр дар кишвари ғарибӣ ба хок супорида шудааст.
“Пас аз афзоиши сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон баргузории намози ҷаноза ва равиши гӯрондани мурдаҳо тағйир ёфт. Ҳоло намози ҷанозаро на дар ҷанозахонаи қабристон, балки пеши дарвозаи оромгоҳ, дар кӯча бо риояи масофаи тавсиявӣ байни одамон хонда мешавад. Мардуми ҷанозахон ҳама ниқоб мепӯшанд ва қисме аз онҳо барои дафни майит сари қабр меоянд. Дар аввалҳои авҷи вирус дар кишвар моҳи май як-ду майитро пас аз безараргардонӣ гӯронидем, аммо ҳоло ки вазъият мӯътадил аст, мисли гузашта мурдагонро дафн мекунем”, – нақл мекунад Комилов.
Мирсодиқ мегӯяд, ҳеҷ тарсу ҳаросе надорад ва оромии қабристон ӯро таскин мебахшад ва рӯҳашро болида мегардонад. Ӯ барои ояндаи худ тӯшаи роҳ тайёр карда истодааст.
Нуралӣ Карим