logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Тағйироти кадрӣ дар Хадамоти гумрук, Кумитаи ҷавонон, ММТ, вазорати маориф ва дигар сохторҳо

Субҳи имрӯз хабари аз вазифа озод шудани вазири маориф низ дар расонаҳо паҳн шуд.

Your tj

17:4021.02.2022

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон намояндагони як қатор мақомотҳои давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботро аз вазифа озод кард ва ба ҷояшон кадрҳои нав таъин намуд, дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Бо фармони президент Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ — директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ таъин гардид.

Гуфта мешавад муовини директор ва сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз шуда ба ҷои онҳо кадрҳои нав ба вазифаҳо таъин шуданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ Раҳимзода Шабнам-муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз -муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардиданд.

Бо фармонҳои президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро — вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин гардиданд.

“Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор Раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

“Зимни мулоқот таваҷҷӯҳи асосии Сарвари давлат ба ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаҳои илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомузӣ ва бедор кардани завқи толибилмони зинаҳои гуногуни таҳсилот ба омӯзиши дақиқу сареҳи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва забоншиносӣ, ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи махсус равона гардид”, - омадааст дар иттилоъия.

Бо натиҷагирӣ аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти бонизоми тамоми зинаҳои таҳсилот бояд аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор риоя ва назорат карда шавад ва камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлатҳои муайян бартараф гарданд.

“Он таваҷҷӯҳ ва ғамхорие, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф зоҳир намудаанд, гувоҳи он аст, ки ин соҳа дар сиёсати пешгирифтаи мо дар мадди аввал меистад ва минбаъд низ ба ин соҳа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад”, - гуфтааст президет ба кадрҳои навтаъин.

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад