logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Тағйироти кадрӣ: аз КДАМ то Кумитаи рушди маҳал

Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои нав вобаста ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани муносибат бо шаҳрвандон дастурҳо дод.

Your tj

14:3825.02.2026

Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд иваз гардиданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, инчунин, сардорони нави шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт низ таъйин гардиданд.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин шуданд.

Пешниҳоди президент дар бораи бозхонди Асомуддин Бобохонзода аз вазифаи судяи Суди Олӣ "бинобар гузаштан ба кори дигар" ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардид. Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба тағйирот дар Палатаи ҳисоб таъйини Шуҳрат Аҳмадзода ба вазифаи муовини раиси ниҳод ва Парвиз Маҳмадшарифзода ба мақоми сараудитор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

25 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои таъйиншуда мулоқот карда, ба онҳо вобаста ба суръат бахшидани рақамикунонӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани муносибат бо шаҳрвандон дастурҳо дод.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад