Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Хабарнигорони таҳқиқотгар ба раванди кор, яъне дар ҷамъоварии далелҳо, ҳикояҳо ва назарҳо шаҳрвандонро ҷалб мекунанд ва ҳатто тамоми ҷараёнро шаффофу боз нигоҳ медоранд.
Хабарнигорони таҳқиқотгар одатан рафти корашонро махфӣ нигоҳ медоранд, аммо бисёре аз мушкилоти мубрами ҷаҳонро дар асл бо домон пӯшида намешавад, яъне ҷомеа ҳар рӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин аст, ки хабарнигорони таҳқиқотгар ба раванди кор, яъне дар ҷамъоварии далелҳо, ҳикояҳо ва назарҳо метавонанд ҳамчунин шаҳрвандонро ҷалб кунанд ва бо ин усул тамоми ҷараёнро шаффофу боз нигоҳ доранд.
Ин тарзи кор, ки хабарнигории мушорикотӣ (ҷалбкунанда) ном дорад, танҳо як усули тавсишаванда аст ва набояд ҳамчун дастурамали ҳатмӣ қабул карда шавад. Аз краудсорсинг (crowsourcing - гирдоварии иттилоот аз мардум) мешавад ҳам дар таҳияи матлабҳои хурд ва ҳам дар тарҳрезии маводи калонҳаҷм истифода бурд. Дар корбурди он шумо метавонед ҳам аз инструментҳои замонавӣ ва ҳам аз роҳҳои соддаву ба ҳама ошно истифода баред – масалан, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ метавонед варақа бо ин ё он дархост ё иттилоъ тақсим кунед. Имкониятҳои ҷалби мардум ба рафти таҳқиқот/дарёфти маълумот дар асл хеле зиёданд.
Дар матлаби мазкур роҳҳои даъвати мардум ба ҳамкорӣ/хабарнигории мушорикотӣ (аз марҳилаи тарҳрезии идея то амалисозии он) оварда шудаанд.
Интихоби дурусти мавзӯъ яке аз бахшҳои муҳимтарини кор дар краудсорсинг аст, аммо дар хотир дошта бошед, ки ҳар мавзӯи пешомада наметавонад ба ин услуби хабарнигорӣ мувофиқат кунад. Дар ин тарзи кор идеяҳои беҳтаринро мешавад дар шарҳҳо ва маслиҳатҳое, ки дар форумҳо ё гурӯҳҳои гуногуни онлайнӣ навишта мешаванд, пайдо кард.
Аҳамият диҳед:
Соли 2017 ман бо як ҳамкорам оид ба табъизи синнусолӣ дар ҷои кор маълумот ҷамъ мекардем. Вақте ӯ дар бораи таҷрибаи худ дар ин росто як лавҳа навишт, ҳазорон нафар бо мо дар тамос шуданд ва аз саргузашту мушкилоти худ ҳикоят карданд. Зиёда аз ин, пешниҳод шуд, ки дар рафти таҳқиқот бахусус ба шароити кор дар ширкати IBM аҳамият диҳем. Вақте мо ин мавзӯъро пайгирӣ кардем, маълум гашт, ки ишораҳои одамон беасос набудаанд.
Кори шумо ҳамеша бояд аз таҳқиқ оғоз ёбад. Ҳатто агар шумо тамоми умр дар як ҷои муайян зиста бошеду он маконро хуб донед ҳам, кор доим аз таҳқиқ шурӯъ бояд шавад. Дар рафти омӯзиш ба маълумоти демографӣ аҳамият диҳед, аз ҷумла ба синну сол, нажод, ҷинс ва дигар иттилое, ки барои анҷоми дурусти таҳқиқ кумак мекунад. Агар ягон шаҳр ё маҳали дақиқ мавриди омӯзишатон қарор гирифта бошад, ҳатман ба харитаҳо низ назар кунед ва шакли тарҳрезии он ҷойро ҳам омӯзед. Ҳамчунин бо сокинони ин маҳал ҳамсуҳбат шавед. Масалан, пурсед, ки одамон пас аз кор одатан ба куҷо мераванд? Оё онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди TikTok, истифода мебаранд ё не? Кадом калимаҳо дар вуҷудашон эҳсоси нафратро бедор мекунанд ва чаро? Кадом мавзӯъ метавонад барояшон баҳсбарангез бошад? Ба гузоришҳо ё таваҷҷӯҳи расонаҳо қаблан чӣ гуна вокуниш нишон дода буданд?
Чун як лоиҳа наметавонад ва ҳатто набояд ҳамаро дар бар гирад, мушаххассозии гурӯҳи манфиатдор ҳатмист.
Намунаи классикии мушаххассозии гурӯҳи манфиатдорро метавонед дар матлаби ҳамкоронам Адриана Галярдо, Нина Мартин ва гурӯҳи эҷодии онҳо, ки ба мавзӯи фавти модарон дар ИМА бахшида шуда буд, пайдо кунед. Ин таҳқиқотгарон дар оғози кор иттилоъ доштанд, ки дар соли 2016 ҳамагӣ 700-900 зан ҳангоми ба дунё овардани фарзандонашон вафот кардаанд, аммо сабаби ин қадар баланд будани сатҳи марг барояшон маълум набуд. Аз ин рӯ онҳо ҳар як ҳолати фавтро дар алоҳидагӣ таҳқиқ карданд. Зиёда аз ин, барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо олимоне, ки бо арқому омор сару кор доранд, суҳбат карданд, бо момодояҳо ва дигар мутахассисони соҳа рӯ ба рӯ шуданд ва, албатта, ба дарди дили нафаронеро, ки модарони худро аз даст додаанд, гӯш доданд.
Дар ин лоиҳа гурӯҳи дигаре ҳам буд, ки озодона метавон онро ҷониби манфиатдор гуфт: заноне, ки қариб буд ҳангоми таваллуд мемурданд. Модароне, ки ин ҳодисаи мудҳишро паси сар карданд, омода буданд, қиссаи худро нақл кунанд ва ҳатто лоиҳаи мазкурро барои шиносоӣ ва огоҳӣ аз мушкил миёни дигарон паҳн кунанд. Вақте гурӯҳи эҷодӣ пас аз нашри матлаб реаксияи аудиторияро пайгирӣ кард, маълум шуд, ки мубоҳисаҳо сари мавзӯи таҳқиқ миёни занон дар гурӯҳҳои Фейсбукӣ, дар шабакаҳои дастгирӣ ва бахшҳои шарҳу маслиҳатҳои маҷаллаҳои занона зиёд шудаанд. Бисёре аз ин груӯҳҳо аз рӯи макони зист ташкил шуда буданд, ки барои таҳияи гузоришҳои наву алоҳида дар бораи ҳодисаҳои монанд дар штатҳо/шаҳрҳои дигар хеле муфид буд.
Гирдоварии иттилоот аз мардум ҳанӯз таҳқиқоти комил нест. Ин усул танҳо вақте натиҷа медиҳад, ки онро бо дигар манбаъҳои далелҳо — ҳуҷҷатҳо, датасетҳо, мусоҳибаҳо бо коршиносон ва дигар инструментҳои журналистика — якҷоя намоед. Қабл аз он ки ҷомеъаро ба кори таҳқиқот ҷалб кунед, муайян созед, ки посухҳои онҳоро баъдан чӣ тавр мехоҳед истифода баред. Гипотезаи мавзӯъро муайян кунед ва ба худ суол диҳед, ки агар кор аз рӯйи нақша пеш равад, кадом сарлавҳа метавонад комилан проблемаро инъикос кунад? Ҳатман аз худ пурсед, ки маълумоти ҷамъовардашуда ба шакли ниҳоии матлаб чӣ таъсир метавонад дошта бошад? Оё барои тарҳрезии он воқеан ниёз ба посуху назари садҳо нафар ҳаст ё чанд мисол кофист? Дақиқан кадом навъи маълумот бояд ҷамъоварӣ шавад? Ҳадафҳо бояд пешакӣ муайян шаванд.
Ба ҳайси муҳаррири гурӯҳи краудсорсинг фикри ман ҳамеша банди як мушкил аст, ки “камбуди маълумот дар пушиши хабарӣ” ном дорад. Ин проблемаро мо доим ба як роҳ ҳал мекунем: бо ҷалби одамон ба таҳқиқ. Ҳангоми таҳқиқи кори платформаи таблиғотии шабакаи иҷтимоии Facebook мо аз ин усул фаровон истифода бурдем. Тавре маълум аст, ин платформа маълумоти шахсии корбаронро беибо истифода мебарад ва мувофиқи завқу шавқашон ба онҳо рекламаҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Ин шабака дар бораи корбаронаш қариб ҳама чизро медонад — нажод, ҷинс, маҳалли зист ва ғайра. Мо мехостем дурусттар тарзи кори платформаи мазкурро фаҳмем, аммо имкон надоштем, ки саҳифаҳои ҳамаи корбаронро омӯзем ва бинем, ки Facebook ба онҳо дақиқан кадом навъи рекламаро пешниҳод мекунад ва аз рӯйи кадом критерия ин ё он маҳсулотро ба онҳо тарғиб мекунад. Барои таҳқиқи амиқи мавзӯъ мо ниёз ба маълумоти бештар доштем, аз ин рӯ ба хонандагонамон муроҷиат кардем. Ҳазорон нафар ба кӯмак розӣ шуданд ва инструменти иловагиеро, ки мо ба онҳо фиристодем, дар гаджетҳои худ насб карданд. Бо ин роҳ рекламаҳоеро, ки дар саҳифаҳояшон пайдо мешуданд, бе зикри маълумоти шахсиашон ба мо нусхабардорӣ карда, мефиристоданд. Бо ёрии ин гурӯҳи хонандагон мо тавонистем доираи маълумотеро ҷамъ оварем, ки ба танҳоӣ гирд овараданаш бароямон ғайриимкон мешуд.
Чанд огоҳӣ:
Вақте сухан дар бораи ҷалби мардум ва дархости кумак аз онҳо меравад, бояд дар бораи абзорҳои гуногун дарак дошта бошед. Масалан, аз инструментҳои пурсиши онлайнӣ, ботҳои паёмнавис, мактубҳои садоӣ, почта, замимаҳое, ки бо истифода аз рамзҳо паём мефиристанд, варақаҳои иттилоотӣ ва ғайра истифода баред. Аммо дар хотир дошта бошед, ки усули тамос ба гурӯҳҳои ҳадафманди шумо бояд мувофиқ бошад.
Новобаста аз он ки дархости шумо ба кадом шакл аст, бояд:
Намунаҳои пурсишномаҳои ProPublica-ро аз назар гузаронед ва бо сохтори матнҳое, ки барои тарҳрезии дархост мувофиқанд, огаҳ шавед.
Вақте мавзӯи таҳқиқ муайян шуд, онро бо намояндагони гурӯҳҳои манфиатдор баррасӣ кунед - пеш аз паҳни оммавии матлаб/дархост онро аввал ба гурӯҳи хурд тақсим кунед. Ин амал ба шумо имкон медиҳад, ки хатоҳои ҷойдоштаро муайян карда, лаҳн/сохтори матнро ислоҳ кунед.
Мо, масалан, матни дархостҳои худро аввал ба чанд нафар ба шакли озмоиш нишон медиҳем ва бе шарҳу тафсири зиёдатӣ хоҳиш мекунем, ки дар ҳузури мо ин варақаҳоро пур кунанд. Истифода аз ин усул хусусан вақте зарурӣ мегардад, ки мавзӯи баррасишаванда ба гурӯҳҳои осебпазир рабт дошта бошад (чун онҳо эътимоди кам ба расонаҳо доранд, ислоҳи матн пеш аз оммависозии матн муҳим аст). Намунаи охирин: Мардуми бумӣ барои бозгардонидани бақияи муқаддасот ва ашёи суннатӣ ба қабилаҳои худ талош мекунанд.
Ҷалби чанд нафар барои озмоиш аз миёни гурӯҳҳои осебпазир ҳамчунин метавонад таъсири мусбати дигар ҳам дошта бошад: онҳо билохира “сафирони кори шумо” миёни гурӯҳҳои худ мешаванд ва лоиҳаи шуморо ба дигарон тавсия диҳанд.
Лаҳни паём бояд ба гурӯҳи мавриди назар мутобиқ карда шавад. Ин аст, ки забони муроҷиат ҳам бояд фаҳмо бошад. Масалан, забони расмӣ на ба ҳама мувофиқ аст. Агар ба гурӯҳи ҳаҷвнигорон ба забони расмӣ муроҷиат кунед, шояд ҳайратзада шаванд, аммо низомиён ин лаҳнро хуб қабул мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки забони паём бояд ба забоне наздик карда шавад, ки барои ин ё он гурӯҳ табиист.
Ба ҷалби одамон эҷодкорона рафтор кунед!
Агар интихоби мавзӯъ муҳимтарин қисмати як таҳқиқоти краудсорсингӣ бошад, дар ҷойи дуюм аз руйи авлавият коркарди посухҳо меистад.
Барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар:
Коромӯзи мо, масалан, ҳуҷҷатеро барои пайгирии чунин маълумот омода карда буд, ки мо то ҳол аз он ҳамчун намунаи беҳтарини робита бо аудитория истифода мебарем.
Гурӯҳҳои манфиатдорро ҳамеша дар ҷараёни кор гузоред. Агар таҳқиқот вақти зиёд гирад, дар ҳар сурат ба одамоне, ки ба рафти он ҷалб шуда буданд, ҳар замон маълумоти нав фиристода истед ва дар зарурат бо саволҳои иловагӣ ба наздашон баргардед.
Ҳамин ки мақола нашр шуд, ба иштирокчиёни таҳқиқот хабар диҳед! Мустақиман ба онҳо паём фиристед (намуна аз Reddit). Ё матлаби иловагӣ нашр кунед, ки ба онҳо равона шуда бошад. Масалан, роҳнамои ташхиси ҳомиладорӣ ё маслиҳатномаҳои модарони навзое, ки ман ҳангоми таҳқиқот ҳамчунин дар асоси суолҳои мусоҳибони худ омода кардам, метавонад намунаи хуб бошад.
Дар бораи формати робита ҳам ҳатман фикр кунед. Агар нашрияи шумо онлайнӣ бошаду гурӯҳҳои мавриди таваҷҷуҳатон ба интернет дастрасӣ надошта бошанд, пас шумо бояд роҳи дигар расонидани паёмро ба онҳо пайдо кунед. Масалан, вақте мо матлаби худро дар бораи шароити коргарони испанизабон дар фермаҳо омода кардем, мо на танҳо ба рафти кор тарҷумонро ҷалб кардем, балки барои ба онҳо фаҳмову дақиқ шудани мавзӯи таҳқиқот ҳамчунин силсилаи матлабҳои аудиоиро бо ин забон сабт кардем, варақаҳо бо испанӣ омода намудем, дар TikTok постҳо нашр кардем, дар радиоҳои маҳаллӣ бо забони испанӣ барномаҳои мубоҳисавӣ ташкил намудем, номаи муфассал бо тавзеҳи ҷараёни таҳқиқот ҳам навиштем.
Дар тамос бошед ва матлабҳои бештар омода кунед!
Беҳтарин чизе, ки хабарнигории мушорикотӣ медиҳад, ин имконияти бозгашти бемаҳдуд ба раванди таҳқиқ мебошад, чунки дар рафти омӯзиши як мавзӯъ одатан сад мавзӯи дигар пайдо мешавад. Одамоне, ки бо шумо дар ҷараёни кор аз оғоз буданду ба шумо эътимод пайдо карданд, хоҳу нохоҳ дубора бо шумо дар тамос мешаванду воқеъаву ҳодисаҳои навро қисса мекунанд.
Ариана Тобин, журналисти таҳқиқотгар дар самти технологияҳо
18 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад