logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Репсаро, "Ralik" - Муродов Рамазонро ҳабс карданд

Your tj

20:2609.09.2022

Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, репсарои маъруф бо тахаллуси "Ralik" бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлати 10 рӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД - и ш. Душанбе иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст.

Ҳамзамон, бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.

"Зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд",- омадааст дар хабар.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Муродов Рамазон аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, 21 - уми декабри соли 1998 ба дунё омадааст. Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев мебошад.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад