logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, ширкати “Барқи тоҷик” низ аз вазифа барканор шуданд

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлати рӯзи гузашта оғоз шуда буд.

Your tj

15:0527.01.2022

Имрӯз, 27-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тағйироти кадрӣ боз раисони якчанд сохтор ва корхонаҳои давлатиро аз вазифа барканор кард.

Тавре дафтари матбуоти президент иттилоъ медиҳад, раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Кумитаи рушди маҳал, Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Раиси ширкати «Барқи Тоҷик», директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иваз карда шуданд.

“Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Қурбонзода Амирхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти президент.

Барканор шуданд:

Мирҳаёт Ёқубзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ;
Соҳибназар Ғайратшо аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон;
Хуршед Зиёӣ аз вазифаи мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;
Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳал;
Раҳмоналӣ Амирзода аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;
Музаффар Сулаймонзода аз вазифаи раиси шаҳри Роғун;
Шарифҷон Ҷумъазода аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;
Мирзо Исмоилзода аз вазифаи раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”;

Таъин шуданд:

Имомуддин Сатторов – сафири Тоҷикистон дар Олмон;
Хайриддин Усмонзода – мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;
Шарифҷон Ҷумъазода – раиси Кумитаи рушди маҳал;
Мирзо Исмоилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;
Сунъатулло Саидзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун;
Қосим Роҳбар – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;
Маҳмадумар Асозода – раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”
Усмон Давлатзода – мудири Корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.

Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомомотҳои зикргардида ҳарф зад ва таъкид кард, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

“Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд”, - менависад, манбаъ.

Рӯзи гузашта низ сарвари давлат раисони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Аштро иваз карда буд.

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад