Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 12:5315.11.2024
Дар Душанбе рӯзи 14-уми ноябр маҳфил оид ба баррасии ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Дар он беш аз 30 намояндаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок карданд.
Иштирокдорони маҳфил аҳамияти ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатиро дар татбиқи самараноки Стратегия таъкид намуданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар татбиқи “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” дар баробари мақомоти давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам нақши назаррас доранд.
Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар арзёбии мустақили дастовардҳо, мушкилот ва монеаҳои татбиқи Стратегия саҳми назаррас гузоранд.
Дар маҳфил, инчунин, усулҳои мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушд муфассал шарҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки барои арзёбии воқеии натиҷаҳо истифодаи методологияи дуруст ва маълумоти боэътимод муҳим аст.
Иштирокдорони маҳфил барои беҳтар намудани ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушд пешниҳоду дархостҳои мушаххас карданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро муайян менамояд. Он таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатиро ҳадафи асосӣ қарор додааст.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад