logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Миёнбанд ба марди тоҷик чӣ лозим буд?

Хусусиятҳои рӯймоли миллие, ки дар Осиёи Марказӣ бо он мардон миёнро мебанданд.

Your tj

21:1528.08.2024

Миёнбанд – рӯймолест, ки аз он мардон дар Осиёи Марказӣ истифода мекарданд.  Имрӯз миёнбандро асосан дар деҳот истифода мебаранд.

Муаллифи мо, Искандар Мирзоганиев, на танҳо акси миёнбандро кашид, инчунин нақл ҳам кард, ки чаро онро ба миён мебанданд.

Бобоёни мо ҳангоми ба саҳро, ба чарогоҳ ё ҳамту ба кадом як сафаре рафтан, ҳеҷ гоҳ аз хона бе ду чизи муҳим намебаромаданд – корд ва миёнбанд.  Ду корд, ки яке барои хӯроку дигари барои кор буд, ба ду мӯза хаста мешуданд. Ҷома бошад бо миёнбанд баста мешуд, ки ғайр аз мустаҳкам нигоҳ доштани миён инчунин нақши борхалтаро низ мебозид ва озуқи роҳ дар он гузошта мешуд.

Барои марди тоҷик миёнбанд чист?

Камарбанди варзишӣ – миёнбанд миёни мардро ҳангоми кор кардан мустаҳкам нигоҳ медошт.

Борхалта – ҷомаи миллӣ ҷайб надорад, бинобар ин ба миёнбанд озуқи якрӯзаро мебастанд. Одатан ин нон, шириниҳои миллӣ – печак ва ё набот буданд. Баъзеҳо барои пешгирӣ аз бемориҳои фасли гармо ва ҳашаротҳо бо худ қаламфурро низ мегирифтанд.

Дастархон – дар вақти зарурат миёнбанд нақши дастархонро низ мебозид ва онро дар рӯи алафзор ё санг мекушоданд.

Ҷойнамоз –  миёнбанд ҳамчунин барои онҳое, ки аз манзил ва ё масҷид дур буданд, нақши ҷойнамозро мебозид.

Таджикский поясной платок - миёнбанд

Миёндбандҳои қадима гулдӯзӣ шуда буданд. Онҳоро ҳамсарон ё модарон гулдӯзӣ мекарданд ва ҳар як гул ё нақш дар миёнбанд рамзеро ифода мекард ва барои соҳибаш ҳамчун тӯмор буд.

Оҳиста-оҳиста миёнбанд хусусиятҳояшро гум карда ба лавозимоте мубаддал гардид ва акнун чӣ қадаре гулдӯзии бисёре дошта бошад, ҳамон қадар мартабаи соҳибаш баландтар ба ҳисоб мерафт.

Имрӯз мардҳо аз миёнбанд ҳангоми ҳодисаҳои махсус  истифода мебаранд. Ҳангоми тую сур аз миёнбанди ранго ба ранг ва ҳангоми мотам аз рангҳои торик.

Оид ба рамзҳое, ки ҳангоми гулдӯзӣ занҳои тоҷик истифода мекарданд, чӣ маъно доранд, аз маводи Манижа Қурбонова “Офтоби доманакӯҳ” («Солнце в подоле»)  шинос шудан мумкин аст.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад