Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ғазза

Тоҷикистон якҷо бо якчанд давлатҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ба мардуми Ғазза кӯмаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.

Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар доираи иқдоми башардӯстонаи якчанд давлатҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) ба мардуми Ғазза 200 тонна орди аълосифати гандумӣ фиристоданд.

Гуфта мешавад, корвони кӯмаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Карам Абу Салам мерасад.

Ин кӯмак дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милал тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини камбудии ғизо мусоидат хоҳад кард, менависад манбаъ.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ин 200 тонна гандум чӣ миқдор аст.

Гуфта мешавад, дар аввали соли 2024 Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи “Орд барои башарият”-ро роҳандозӣ кард.

Перейти к верхней панели