Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 22:1409.11.2020
Як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб кардаанд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад.
Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.
Наҷибулло Абдуллоев, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск мегӯяд, ки ба ӯ аз донишгоҳ барои таҳсил даъватнома омадааст, аммо вақте ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, дар онҷо ба гуфтаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа муроҷиат кунед.
“Вақте мо ба ВКХ муроҷиат мекунем, инҳо мегӯянд масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, - мегӯяд ӯ. - Тӯли се моҳ мешавад, ки мо интизори ҷавобем. Аммо моро аз донишгоҳи Русия огоҳ карданд ки то сессия ба донишгоҳ наоед ё дар дарсҳо иштирок накунед, мо шуморо ихроҷ мекунем".
Ба гуфти Наҷибулло, ӯ дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил мекунад, барояш омӯзиши фосилавӣ намешавад.
Ба гуфтаи вай, ғайр аз ӯ дар ин ҷо бачаҳое ҳам ҳастанд, ки дар риштаҳои ҳавонавардӣ, молиявӣ, барномасозӣ ва бахшҳои дигар таҳсил мекунанд, ки фақат бо китоби холӣ намешавад.
Ба ҳолати шоми 9-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11376 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 83 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10711 нафар баробар шуд.
Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Сербистон доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 4 медал - 1 нуқра ва 3 биринҷӣ касб кард.
Дар ин мусобиқа мунтахабҳои ҷавонону наврасон ва миллии калонсолони мардонаву занона оид ба самбо ва самбои ҷангӣ бо ҳам рақобат карданд.
Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило медали нуқра ба даст овард, ки медали 4-умини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.
Комроншоҳи Устопириён (вазни 90 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг) байни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров (87 кг) байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.
Фаррух Маҳмадзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия - Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст.
“Сабаби аз кор озод шудани Маҳмадзода маълум нест ва то ҳол ба кори дигар низ нагузаштааст. Вале маълум аст, ки ӯ аз паси фаъолияти илмӣ аст ва шояд сабаб низ ҳамин бошад”.
Дар ин вазифа директори қаблиро Сафарзода Абдулло Мумин, директори Маркази шаҳрии илмию реаниматсия ва детаксикатсияи беморхонаи “Медгородок” иваз намуд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар бораи гаронии билети парвозҳои чартерӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хориҷ ба ватан интиқол медоданд, тавзеҳ дод.
Сар аз 20 - уми март то охирҳои октябри имсол, ширкати мазкур танҳо 416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони бекоршудаи Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом додааст. Ҷамъан теъдоди мусофирон ҳамагӣ 76 978 нафар будааст.
Бар асоси ин гузориш, нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шуд, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии COVID - 19 ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи мудири ширкати "Сомон Эйр", ин қимат шомили ҳақи хадамот, баҳои сӯхт, таъмири ҳавопаймо, ҳуқуқи кормандон ва молиёт мешавад, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ба ин авориз ҳазинаи хариди либоси ҳифозатӣ барои халабонон ва меҳмондорон, зиддиуфунӣ кардани дохили ҳавопаймо ва коҳиши сандалиҳо барои риояти фосила ва муқаррароти беҳдоштӣ изофа шуда, ки рӯи қимати билет таъсир мегузорад.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад