Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 14:1207.01.2026
Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон муовинони раиси вилояти Хатлон, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакиро аз вазифа озод кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, ба ҷойи онҳо "кадрҳои ҷавон" таъйин гардидаанд. Вале гуфта нашудааст, ки киҳо ба ин курсиҳо нишастаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки нафарони аз вазифаҳо сабукдӯш шуда вазифаи нав гирифтаанд ё не.
Ҳамчунин, Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуда, муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъйин шудаанд.
Шарифзода Манучеҳр, муовини пешини вазири фарҳанг ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Театри миллӣ» таъйин гардидааст.
Имрӯз, 7 январ Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъйинро ба ҳузур пазируфта, бо онҳо суҳбат анҷом додааст. Сарвари давлат ба масъулон дастур додааст, ки фаъолияти худро бо риояи қонуният, хизмати содиқона ба давлату мардум, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, интихобу тарбияи кадрҳои ҷавон ва муносибати дуруст бо аҳолӣ ба роҳ монанд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
2 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
2 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
3 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
4 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
6 дня назад