Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 16:4112.03.2025
Имрӯз, 12 март президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Қирғизистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари давлатро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ дирӯз, 11 март хабар дода буд, "дар рафти ин сафар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ хоҳад шуд".
Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расад.
Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии таъини хати марзи ду кишвар имзо гардид.
Пас аз эълони натиҷаи муайяннамоии марзи ду кишвар гуфта мешуд, ки санади ниҳоиро порлумони ду кишвар тасвиб ва роҳбарони давлатҳо имзо хоҳанд кард.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад