logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Гурҷистон ба мо наздиктар шуд. Парвози мустақим аз Душанбе ба Тифлис рӯзҳои чоршанбе

Your tj

11:5304.06.2024

Саёҳат ба кишваре бо таърихи қадима ва меъмории муосири ҷалбкунанда, мардуми меҳмоннавоз, ҳавои тоза ва табиати дилфиреб, фарҳанги бойю хӯрокҳои болаззат ва хизматрасонии беҳтарин орзӯи ҳар яки мост.

Дар ин баробар сафар ба чунин кишвари афсонавӣ агар бе “виза” моро қабул кунанд ва хатсайри мустақими ҳавоӣ дошта бошад, камхарҷтар ва осонтар аст.

Бале, мо дар бораи Гурҷистон ҳарф мезанем, ки ҳама шароити дар боло гуфта шударо барои шумо фароҳам овардааст.

FLY.TJ, EASYBOOKING.TJ ва SOMON AIR барои шаҳрвандони Тоҷикистон хатсайри доимӣ ва мустақими ҳавоии Душанбе – Тифлис – Душанберо шурӯъ карданд.

Паврози нахустини мустақим рӯзи 23-юми май сурат гирифт.

Ин хатсайр на танҳо ба рушди сайёҳии ду кишвар замина мегузорад, балки барои тоҷирон низ имкониятҳои нав боз намуда, робитаи Тоҷикистон ва Гурҷистонро мустаҳкам месозад.

Аввалин гурӯҳро, ки ба Гурҷистони афсонавӣ тавассути як парвози мустақим бо шароит фароҳам овардани FLY.TJ, EASYBOOKING.TJ ва SOMON AIR сафар карданд, зебогиҳои ин кишвари аврупоӣ мафтун кард.

Онҳоро садои дилнишини баҳри Сиёҳ, маконҳои таърихии ин кишвар, меҳмонхона ва тарабхонаҳои зебо бо ҳама шароити лозима ва хизматрасониҳои олӣ ва имкониятҳои дигари сайёҳӣ ва ҳам тиҷоратӣ бетараф нагузошт.

Кишвари афсонавии Гурҷистонро бо парвози мустақим аз FLY.TJ, EASYBOOKING.TJ ва SOMON AIR барои худ ва оилаи худ боз кунед. Ҳам саёҳат кунед, ҳам роҳҳои хуби тиҷоратро барои худ пайдо намоед ва ҳам ҷаҳондида бошед.

112 просмотра

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад