logo Your.tj

News

History

Podcasts

Poster

Business

Марги се шаҳрванди Чин дар як ҳамла аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон

Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ шудааст.

Your tj

19:2627.11.2025

Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон се шаҳрванди Чин ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 26-уми ноябр дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Гуфта мешавад, ҳамла ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” дар отряди сарҳадии “Ёл”-и ин ноҳия рух додааст.

“Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ” - шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд”, - омадааст дар хабари расмӣ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.

Тоҷикистон амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро “қотеона” маҳкум намуда, аз гуруҳи ҳоким дар Афғонистон хостааст, “ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя” тадбирҳои муассир андешанд.

Комментарии (0)

Читайте также