logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Дигар мактабро дар синфи 9 хатм намекунанд. Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатмӣ шуд

Бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 ҳазору 200 хонанда ҳалли худро меёбад.

Your tj

19:1623.02.2024

Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёнаи умумӣ, яъне таҳсил то синфи 11 ҳатмӣ шуд. Мувофиқи тағйироте, ки дар қонун “Дар бораи маориф” ворид гардид, хонандагон наметавонанд пас аз хатми синфи 9 таҳсилро қатъ кунанд. Дар сурати қатъи таҳсил бояд дар колеҷу техникумҳо таҳсилро идома диҳанд.

Тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф” рӯзи 20-уми феврал аз ҷониби вакилони парлумон қабул шуд, хабар медиҳад нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

“Ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф ва раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад”, - гуфтааст Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун.

Вазир гуфтааст, бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 ҳазору 200 хонанда ҳалли худро меёбад.

Инчунин Саидзода зикр намудаанд, “дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад”.

Дар муҳоқимаи лоиҳаи тағйирот ба қонун Насиба Содиқӣ, вакили парлумон гуфтааст, аз ин пас хонандагон аз синфҳои 10 ва 11 хориҷ карда намешаванд.

“Дар асоси тағйироти пешниҳодшуда, минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ давом диҳанд ва ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд”, - зикр намудааст Содиқӣ.

Дар Тоҷикистон то ин вақт ду зинаи таҳсил – ибтидоӣ (синфҳои 1-4), умумии асосӣ (синфҳо 5-9) ҳатмӣ буд ва таҳсил дар зинаи сеюм (синфҳои 10-11) хоҳишмандона сурат мегирифт.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад