Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дигар бас аст: Билети хатсайрҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод мебароянд
Дата публикации: 20:1012.11.2020
Билети хатсайрҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод мебароянд, хабар дод ба Your.tj манбаи боэътимод аз ҳукумати кишвар.
“Дигар шаҳрвандони моро лозим намеояд, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои бозгашт ба ватан ва номнавис кардани худ ба парвозҳои чартерӣ муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони кишвар рӯзҳои наздик метавонанд билетҳои чартериро аз авикассаҳо дастрас намоянд”,- афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ тасмим замоне гирифта шуд, ки хоҳишмандони бозгашт ба Ватан рӯз аз рӯз кам шуда истодааст.
Инчунин манбаъ гуфт, ки барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи манбаъ ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на бештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад. Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.
Ҳамчунин хабари мазкурро дасти кам ду манбаи дигар тасдиқ карданд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандони худ аз 7-уми ноябр то 30-юми ин моҳ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон 112 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Ҳама парвозҳоро ширкати хусусии "Сомон Эйр" анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия бар асари коронавирус аз 20 март инҷониб қатъ шудааст. Мувофиқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар давраи аз моҳи апрел то октябр ҳудуди 70 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад