Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дарди сари навбатии муҳоҷирон. Русия аз 1 сентябр вурудро бе барномаи мобилии «Путешествую без COVID-19», манъ мекунад
Дата публикации: 22:0627.08.2021
Бино ба хабари матбуоти ғарбӣ, вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳейко Маас рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон – ҳамсояҳои наздиктарини Афғонистон – сафар мекунад.
Мавзӯи Афғонистон ва таҳаввулоти босуръати ҳодисаҳо дар ин кишвар, ки аз 15-уми август боз зери назорати "Толибон" аст, дар маркази суҳбатҳои ӯ бо ҳамкоронаш дар Осиёи Марказиву Ҷанубӣ хоҳад буд.
Ба навиштаи "Ройтерз", Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар бораи нақшаҳои сафари Маас ба минтақа порлумони ин кишварро огоҳ кардааст. Манбаъ навиштааст, дар нома дар бораи бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи Афғонистон ва ҳам шарти эҳтимолии эътирофи ҳукумати нав ёд шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон дар бораи хабари сафари қарибулвуқӯи Маас иттилоъ намедиҳанд, аммо 27-уми август Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи мулоқоти вазир Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Олмон Андреас Протманн дар Душанбе хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо шоми 26-уми август дар бораи таҳаввулоти сиёсии Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. Вебсайти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат гуфтааст, Афғонистонро хатари “фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ” таҳдид мекунад, ки вазъи минтақаи Осиёи Марказиро дар ҳолати ногувор қарор мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Афғонистон бо хатари табдил ёфтан ба “пойгоҳи террористони байналмилалӣ” рӯбарӯ шудааст.
Шарл Мишел, ки дар саҳифаи Твиттераш дар бораи сӯҳбат бо президенти Тоҷикистон ёдовар шудааст, мегӯяд, бо раҳбари Тоҷикистон мувофиқ аст, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати фарогир сари кор ояд. Ӯ инчунин навиштааст, ки президент Раҳмонро моҳи октябр ба Брюссел даъват кардааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар менамоянд, мерасонад, ки дар асоси қарори ҳукумати Русия аз 20 июли соли 2021, шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст.
Дар вазорати мазкур гуфтаанд, шаҳрвандони мамлакат, ки ба Русия сафар менамоянд, пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд дастрас намоянд.
Вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суҳбати видеоӣ бо нашрияи расмии ҳукумати кишвар - “Ҷумҳурият” овозаи латукӯбашро ғайриинтизор хондааст. Вай дар идома гуфтааст, ки паҳкунандагони чунин овозаҳо лоиқи вокуниш нестанд.
“Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам. Ин ҷавоб ба онҳое аст, ки дар расонаҳо нисбати ман овозаҳо паҳн мекарданд. Тамоми роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, ки дар ситод ширкат доштанд, маро медиданд”, - гуфтааст ӯ.
Ёдовар мешавем, Радиои “Озодӣ” хабар дода буд, ки вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуда буд. Мувофиқи хабаре, ки ин манбаъ расонаӣ карда буд, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.
Ду рӯз мешавад, сокинон ва ронандагони шаҳри Душанбе аз болоравии арзиши роҳкирои таксиҳои фармоишии шаҳрӣ нигаронӣ мекунанд. Вале ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва шаҳрдорӣ инро рад мекунанд.
Ба гуфтаи ронандагони таксӣ, аз дирӯз дар бархе аз ширкатҳо нархи роҳкиро боло рафтааст: дар баъзе ширкатҳои таксӣ арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.
Сафари озмоишии хабарнигори "Азия-Плюс" болоравии арзиши роҳкироро тасдиқ кард, аммо маъмурияти ширкате, ки онҳо аз он истифода кардаанд, инро рад кардааст.
Ба гуфтаи ронандаи таксӣ, роҳкиро дар дигар ширкатҳо низ боло рафтааст, аммо расман инро эълон намекунанд.
Вай афзуд, ки раҳбарияти ширкатҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки то огоҳ шудани муштарӣ мавзӯъро таблиғ накунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархи роҳкирои таксиро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 - 9,5 сомонӣ то имрӯз, 27 август дар Душанбе.
Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад.
Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он 80 варзишгари тоҷик аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Дар ин бора, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон.
Дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд.
Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ҳудуди 3 млрд 256 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 3 млрд 151 млн доллараш қарзи бевоситаи давлатӣ аст, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 96,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ бе кафолати ҳукумат 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии тавозуни пардохтӣ ба 5,6 млн доллар баробар аст.
Ҳамчунин БМТ ба Бонки исломии рушд (1,7 млн доллар) ва ҳукумати Чин (1 млн доллар) қарздор аст.
Таносуби қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 38,2%-ро ташкил медиҳад, яъне бевосита дар наздикии ба истилоҳ “хати сурх” қарор дорад, ки барои кишварҳои дорои даромади паст, аз ҷумла Тоҷикистон дар сатҳи 40% муқаррар шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон (бо назардошти қарзи дохилӣ) то 1 июли соли равон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.
Директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тилло барои “Навгониҳо дар соҳаи маориф” (За инновации в области образования)-и Русия қадрдонӣ шуд.
Қарори мазкур аз рӯйи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Русия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуд, қабул шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоляити давлатии ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ин мукофотро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад