Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 17:3631.07.2023
Дар нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон беш аз 10,7 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт зиёд мебошад.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеи худ иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, суръати афзоиш 103,3% таъмин шудааст. Ҳамчунин, қайд гардид, ки беш аз 2,25 миллиард сомонӣ ҳаққи нерӯи барқ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта 434 млн сомонӣ ва ё 23,8% зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки сокинони навоҳии вилояти Суғд аз хомӯш шудани барқ дар тобистон шикоят мекунанд.
Далер Ҷумъа вазири энергетика дар рафти нишасти матбуотӣ шарҳ дод, ки ин ба зиёд шудани талабот дар фасли гармо дар чанд ҳафтаи охир рабт дорад. Ӯ гуфт, барои бартараф кардани ин ҳолат чораҳои гуногун амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир аз Узбекистони ҳамсоя барқ ворид карда истодаанд.
Вазири энергетика қайд намуд, ки аллакай аз пагоҳ, 1-уми август интиқоли барқи Тоҷикистон тариқи хати ҷанубу ӯарбӣ ба Узбекистон ва дар баробари он ба шимоли тоҷикистон зиёд мегардад.
Ба таъкиди ӯ, дар оянда барои бо барқ таъмин намудани вилояти Суғд якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла хати нави интиқоли нерӯи барқ амалӣ мегардад.
Қаблан манобеи гуногун дар ноҳияҳои Ашту Конибодом ва шаҳрҳои Исфараву Панҷакенти вилояти Суғд шикоят карда буданд, ки қариб як моҳи охир аз 2 то 6 соат қувваи барқро хомӯш мекунанд.
Сокинон мегӯянд, масъулин бе огоҳии пешакӣ барқро хомӯш мекунанд ва вақте аз онҳо сабаб мепурсанд ба гармии ҳаво ё корҳои профилактикӣ рабт медиҳанд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад