Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 18:2807.02.2025
Дар вилояти Москва Бахтиёр Исмоилов, зодаи Тоҷикистон духтараки 11-моҳаро, ки дар роҳ бе либоси зимистона танҳо монда буд, наҷот дод. Тибқи иттилои расонаҳои Русия, Бахтиёр дар як ширкати интиқоли ғизои тайёр кор мекунад ва ҳангоми аз кор баргаштан дар роҳ кӯдакро дидааст.
Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ таваққуф кард, духтарро ба мошин даровард, ба матоъ печонид, ба ёрии таъҷилӣ ва полис занг зад. Вай инчунин қайд кард, ки бибии духтарак пас аз тақрибан 10 дақиқа пайдо шуд ва талаб кард, ки кӯдакро ба ӯ диҳад. Аммо ин зан суроғаи истиқомат ва рақами телефони волидони духтаракро гуфта натавонист.
"Ӯ (кӯдак) дар тан танҳо як либоси сабук дошт, бе либоси болоӣ буд. Чӣ хел ба ин ҳол дар сардӣ бибӣ ӯро ба берун мебарорад? Илова бар ин, ман аллакай ба полис занг зада будам",- гуфт мард.
Бахтиёр гуфт, ки духтарак сахт гиря мекард. Мард кӯдакро ба матоъ печонид ва дастонашро молиш дод. Ёрии таъҷилӣ пас аз 15 дақиқа расид.
Ӯ инчунин нақл кард, ки модари кӯдак аллакай ба ӯ занг зада, барои наҷоти духтараш ташаккур гуфтааст.
"Ҳоли духтарак, тавре ман фаҳмидам, ҳоло хуб аст. Ба ӯ каме хунук таъсир кардааст, аммо дар хона табобат мегирад",- илова кард Бахтиёр Исмоилов.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад