Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дар Русия беш аз 244 миллион рубл музди пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шудааст
Дата публикации: 14:2412.01.2024
Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия дар соли 2023 музди меҳнати пардохтношудаи муҳоҷирон дар ҳаҷми 244 миллиону 612 ҳазору 402 рубли русӣ (муодил ба 29 миллионк 353 ҳазору 488 сомонӣ) баргардонида шудааст. Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Аксари сабабҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷиронро намояндагӣ ба набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо ва баъзан сифати пасти иҷрои корҳо вобаста медонад.
“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад”,- шарҳ медиҳад ин ниҳод.
Гуфта мешавад, дар ин сурат намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи нопардохти музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд.
Ин ниҳод ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Намояндагӣ таъкид кардааст, дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар шаҳри Москва ва Ҳавзаҳои федералии Россия шаҳрвандон бо рақамҳои зерин муроҷиат карда метавонанд:
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад