logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

Боздошти 5 ҷавонзан бо иттиҳоми латукӯб ва ғорати як зани дигар

Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ва ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Your tj

12:1109.02.2023

5 нафар зани аз 18 то 23 – солаи сокини шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ барои латукӯб ва ғорати як ҷавонзани 25 – солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Тибқи иттилоъ, онҳо дар пайи муроҷиати ҷабрдида боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 – юми феврали соли ҷорӣ 5 нафар зан тахминан соати 22:00 бо автомашинаи кироякаш ӯро ба ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, мавриди ҳақорату дашномҳои қабеҳ ва латукӯб қарор додаанд.

«Дар натиҷаи ин моҷаро ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо телефони мобилии тамғаи «Хонор – 50» -ро тасарруф намуда, бо ин кирдор ба ҷабрдида ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд», - омадааст дар хабари ВКД.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад