Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 18:4905.06.2025
Рӯзҳои 6 то 9-уми июн дар шаҳру вилоятҳои Хатлону Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор ва ҳавои олуда пешгӯӣ карда мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гарду ғуборе, ки аз минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад, боиси баланд шудани ҳолати олудагии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (гард), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) мегардад.
Дар солҳои охир афзоиши тӯфонҳои чангу ғубор дар қаламрави Тоҷикистон ба як падидаи маъмул табдил ёфтааст. Танҳо дар ду моҳи охири соли равон аллакай чор маротиба тӯфони ғуборолуд кишварро фаро гирифтааст.
То ҳадди имкон ҳангоми шамоли сахт ё тӯфони чангу ғубор, беҳтар аст, ба кӯча набароед. Инчунин, дар ин вақт беҳтар аст, ки бо фарзандатон аз сайру гашт худдорӣ намоед, зеро кӯдак дар аробачаи кӯдакона дар масофаи хатарноктарин аз сатҳи замин қарор дорад ва ҳар он чизеро, ки мошинҳо ва пиёдагардон ба ҳаво партоб мекунанд, нафас мекашад.
Ниқоби тиббии одии якдафъаина, ки дар дорухона фурӯхта мешавад, бо руймол бастани даҳону бинӣ метавонад аз чангу ғубор дар кӯча эмин дорад. Ин чизҳо намегузоранд, ки зарраҳои калони чангро нафас гиред.
Дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр об бинӯшед, ки аз ин то 0,5 литр оби минералӣ бояд бошад.
Дар ин ҳангом ба хотири пешгирӣ аз зарар чашмон табибон пӯшидани линзаҳоро тавсия намедиҳанд. Ҳангоми тӯфони чангу ғубор пӯшидани айнак тавсия дода мешавад.
Баъди ба хона баргаштан бояд хуб шустушӯ карда, даҳону биниро бо об бишӯед ва луобпардаи биниро бо вазелин тар кунед.
Ҳангоми тӯфони чанг беҳтар аст, тирезаҳоро накушоед ва агар ба ин зарурат доред, беҳтараш ҳавои хонаро намнок кунед. Дар давоми рӯз ҳадди аққал 1-2 бор фаршро шуста, тамоми сатҳи таҷҳизоту ашёи хонаро, ки дар болои онҳо чанг ҷамъ шуда метавонад, бо матои тар тоза кунед. Дар вақти чанг беҳтар аст қолинҳо ҷамъ кунед.
Инчунин ҷойпӯшу бистарҳоро бишӯед, зеро ҳассосияти бадан натанҳо ба чанги кӯча, балки ба чанги маишӣ низ меафзояд.
Нафарони аллергиядор ва мубталоёни астмаи бронхиалӣ бояд ба духтур муроҷиат карда, ҳама тавсияҳои ӯро вобаста ба назорати беморӣ бояд қатъан риоя кунанд, ҳатто агар қаблан дар табобат беэътиноӣ мекарданд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад