Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 11:3416.04.2024
Абдулло Маҳмадов, муовини якуми директори “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” бо мо дар мавриди ақидаҳое оид ба сироят, табобат ва хусусиятҳои сил суҳбат кард, ки дар байни мардум паҳн шудаанд.
Оё равғани саг, хирс, қимиз ба сил шифо мебахшанд? Оё сил ба воситаи зарф ва дигар ашёи истифодаи умум сироят меёбад? Рост аст, ки кӯдакон ба бемории сил гирифтор намешаванд? Рост аст, ки сил бемории камбизоатон аст? Ба ин ва дигар саволҳо Абдулло Маҳмадов дар меҳмонии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ!” посух дод.
Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед.
Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.
Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед.
Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:
Нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар формати пурсиши блитс мегузарад. Яъне мутахассис ба саволҳои мо зуд ва кӯтоҳ посух медиҳад. Мавзӯи нашри имрӯза “Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи сил” мебошад, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил бахшида шудааст.
Ҳамасола 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил қайд мешавад. Он соли 1982, расо баъд аз 100 соли тавсифи аввалини ангезандаи сил аз ҷониби микробиологи олмонӣ Роберт Кох муқаррар шудааст. Кашфиёт ташхис ва табобати ин бемориро имконпазир гардонид.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад.
Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад