Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Баъди кушта шудани 5 шаҳрванди Чин. Эмомалӣ Раҳмон ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро маҳкум кард
Дата публикации: 14:0001.12.2025
Имрӯз, 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар як машвари корӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро маҳкум карда, вазъияти сарҳади давлатии миёни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навиштааст, ки давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дода, дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шудаанд.
“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”, - омадааст дар хабари расмӣ.
Дар ҳамлаи террористии шаби 26-уми ноябр, ки аз қаламрави Афғонистон ба яке аз корхонаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сурат гирифт, тибқи иттилои расмӣ се шаҳрванди Чин кушта шудааст. Расонаҳо ҳамзамон аз захмӣ шудани як каси дигар хабар дода буданд.
Вазорати корҳои хориҷии кишвар низ дар баёнияе гуфта буд, “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад