logo Your.tj

Новости

Истории

Подкасты

Афиша

Бизнес

"1 кг гӯшт 65 сомонӣ". Дар Душанбе бозори фурӯши арзон ба муносибати идҳои Рамазон ва Наврӯз ташкил мешавад

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, ба гуфтаи масъулон маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд.

Your tj

18:1411.03.2026

Аз 14 то 20-уми март дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Ин чорабинӣ бо мақсади танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва дастрас кардани онҳо бо нархи арзон барои сокинон роҳандозӣ мешавад.

Сокинони Душанбе метавонанд маводи асосии рӯзгор, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи камтар аз бозор харидорӣ кунанд. Нарх дар ярмаркаи фуруш чунин аст:

  • 1 кг гӯшти гов – 65 сомонӣ;
  • 1 кг гӯшти гӯсфанд – 75 сомонӣ;
  • 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ;
  • 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ;

Ярмаркаҳо бо иқдоми Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баргузор мешаванд ва ҳамасола пеш аз ҷашнҳо ташкил мегарданд. Ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар ин маконҳо баргузор мегардад:

  • Тавққуфгоҳи назди бозори “Меҳргон”;
  • Таваққуфгоҳи назди ҳукумати ноҳияи Сино;
  • Таваққуфгоҳи назди бозори “Саховат”;
  • Боғи “Куруши Кабир” дар назди театри Опера ва балети ба номи С.Айнӣ;

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, ба гуфтаи масъулон маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд.

Комментарии (0)

Читайте также

«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly

3 дня назад

«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля

3 дня назад

Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний

4 дня назад

От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке

5 дня назад

Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии

7 дня назад