fbpx
0

Шаҳри Бохтар аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки пагоҳ, 1 апрел оғоз мешавад, хабар дод.

Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзода бо даъватшавандагон ва волидони онҳо мулоқот баргузор карда, барои омодагии ихтиёрии онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори сипос намудааст.

Ба гуфтаи Муминзода, “ба шарофати дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, наврасон ва аҳолӣ дар маҷмуъ, шумораи хоҳишмандони хизмат сол то сол меафзояд”.

Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон фардо, 1 апрел оғоз шуда, то 31 май идома меёбад. Ба даъват шаҳрвандони марди солҳои таваллудашон 1999–2008, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштан ё озод шудан аз хизмати ҳарбиро надоранд, ҷалб карда мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend