Дар кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон афзоиши гирифторшавӣ ба зукоми “ҳонконгӣ” (навъи H3N2) ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи зуком нисбат ба зукоми мавсимии маъмулӣ вазнинтар мегузарад.
Гарчанде то ҳол маълумоти расмӣ дар бораи вазъ дар Тоҷикистон дастрас нест, табибон тавсия медиҳанд, ки чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд.
Шарҳ медиҳем, ки ин навъи зуком чӣ хатар дорад, киҳо дар гурӯҳи хавф қарор доранд ва дар куҷо дар Душанбе метавон зидди зуком воксин гирифт.
Зукоми “ҳонконгӣ” чист
Зукоми “ҳонконгӣ” бемории шадиди роҳҳои нафас буда, аз серотипи H3N2 вируси зукоми навъи А ба вуҷуд меояд. Ин навъ бори аввал соли 1968 дар шаҳри Ҳонконг пайдо шуда, маҳз аз ҳамин ҷо ном гирифтааст. Гумон меравад, ки вирус аз паррандагон ба инсон гузаштааст.
Тибқи маълумоти тиббӣ, ангезандаи беморӣ ба оилаи ортомиксовирусҳо тааллуқ дошта, тавассути ҳавоию қатрагӣ (ҳангоми атса задан ва сулфа) ва ҳамчунин аз роҳи тамос (тавассути ашёи умумии гигиенӣ ва зарфҳои хӯрокхӯрӣ) мегузарад.
Хусусияти зукоми “ҳонконгӣ” инкишофи босуръати он мебошад. Одатан аз лаҳзаи сироятёбӣ то пайдо шудани нишонаҳои аввал ҳамагӣ як ё ду рӯз мегузарад.
Хуруҷҳои қаблӣ
Аввалин пандемияи зукоми “ҳонконгӣ” дар солҳои 1968-1969 яке аз марговартарин эпидемияҳо дар таърих ба ҳисоб меравад.
Ба арзёбии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ин беморӣ дар саросари ҷаҳон аз 1 то 4 миллион нафарро куштааст, хабар медиҳад TengriNews.
Мутатсияи такрории вирус боис гардид, ки дар солҳои 2016-2017 дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон хуруҷҳои нав ба вуҷуд оянд. Аз он замон инҷониб навъи H3N2 қариб ҳамасола боиси афзоиши мавсимии гирифторшавӣ мегардад.
Нишонаҳои зукоми “ҳонконгӣ”
Ин беморӣ бо оғози хеле зудинкишофёбанда ва аломатҳои шадиди заҳролудшавии организм тавсиф мешавад. Табибон нишонаҳои маъмулро чунин номбар мекунанд:
- Ҳарорати баланд (то 39,5°С ва болотар)
- Сулфаи сахти хушк
- Дарди сар
- Хориш ва сӯзиши гулӯ
- Махкамшаввии бинӣ
- Заифии шадид ва дард дар тамоми бадан
- Ларзаи сахт
- Дарди мушакҳо ва буғумҳо
- Ихтилоли ҳозима (дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ то 10 маротиба дар як шабонарӯз)
Оғози беморӣ чунон ногаҳонӣ аст, ки бемор аксаран метавонад ҳатто вақти дақиқи бад шудани ҳолати худро дар ёд дорад. Давомнокии беморӣ одатан аз 10 то 14 рӯз аст.
Кӣ зукоми “ҳонконгӣ”–ро вазнинтар паси сар мекунад
Табибон якчанд гурӯҳи хавфро ҷудо мекунанд, ки барои онҳо зукоми “ҳонконгӣ” хатарноктар аст:
- Пиронсолони аз 65-сола боло – дар онҳо оризаҳо бештар ба вуҷуд меоянд
- Кӯдакони синни хурд (махсусан то 2-5-солагӣ) – хатари зуд инкишоф ёфтани илтиҳоби шуш дар рӯзи дуюм ё сеюми беморӣ баланд аст
- Занони ҳомила, махсусан дар моҳҳои охири ҳомиладорӣ
- Беморони дорои норасоии масуният
- Одамони гирифтори бемориҳои музмин – бемориҳои дилу раг, роҳҳои нафас ва шуш
Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, зукоми мавсимӣ ҳар сол боиси марги аз 290 ҳазор то 650 ҳазор нафар мегардад. Ин фавтҳо одатан бо оризаҳо алоқаманданд – аз илтиҳоби шуш то норасоии шадиди дил.
Вазъ дар минтақа: афзоиши босуръати гирифторшавӣ
Моҳи ноябри соли 2025 табибон дар Қазоқистон афзоиши ногаҳонии гирифторшавӣ ба зукоми “ҳонконгӣ”-ро сабт карданд. Ба иттилои Кумитаи назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Қазоқистон, аз 590 ҳолати ба қайд гирифташуда, 587-тои он маҳз аз навъи H3N2 будааст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки навъи кунунии H3N2 нисбат ба вируси H1N1, ки дар мавсими гузашта ҳукмрон буд, вазнинтар мегузарад. Дар чанд моҳи тобистон вирус ҳадди ақал ҳафт мутатсия гирифтааст, ки ба он имкон медиҳанд то андозае бо масуният муқовимат кунад – ҳам аз масунияти пас аз эмгузаронӣ ва ҳам аз масунияти пас аз беморӣ.
Алмаз Шарман, президенти Академияи тибби пешгирикунандаи Қазоқистон, дар мақолаи худ барои TengriHealth ҳушдор медиҳад:
“Чунин таҳаввулоти босуръат вирусро камтар пешгӯишаванда мекунад ва эҳтимоли афзоиши тези гирифторшавиро дар ҳафтаҳои наздик зиёд месозад”.
Аксари гирифторон дар Қазоқистон кӯдакон мебошанд. Ҳамзамон, сатҳи эмгузаронӣ бар зидди сироятҳои роҳи нафас дар кишвар анъанавӣ паст аст, ки ин махсусан барои пиронсолон ва кӯдакони хурдсол хатар эҷод мекунад.
Натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторӣ дар Қирғизистон нишон медиҳанд, ки асосан зукоми А/H3N2 – ҳамон навъи “ҳонконгӣ” дар гардиш аст. Аз шумораи умумии беморон 91,3% ба ин навъ гирифтор шудаанд ё онро паси сар кардаанд, зукоми B – 3,8%, COVID-19 – 4,8%-ро ташкил медиҳад.
То имрӯз маълумоти расмӣ дар бораи паҳншавии зукоми “ҳонконгӣ” дар Тоҷикистон нашр нашудааст. Аммо бо дарназардошти наздикии ҷуғрофӣ ба Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин мавсимӣ будани беморӣ, коршиносон эҳтимоли афзоиши гирифторшавӣ дар кишвари моро низ истисно намекунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки чораҳои пешгирикунандаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми тамос бо беморон риоя намоянд.
Тамоюлҳои ҷаҳонӣ
Вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон боиси нигаронӣ шудааст:
Британияи Кабир ба мавсими зуком як моҳ барвақттар аз вақти маъмулӣ ворид шуд ва шумораи ҳолатҳои гирифторшавӣ се маротиба бештар аз соли гузашта гардид.
Токио бори аввал аз соли 2009 ҳушдор оид ба зуком эълон кард: зиёда аз 1100 мактаб ба карантин баста шуданд (соли гузашта чунин ҳолат ҳамагӣ 99-то буд).
Австралия вазнинтарин мавсими зукомро дар тамоми давраи мушоҳидаҳо аз сар гузаронд.
Дар Британияи Кабир муҳаққиқон навъи нави вирусро меомӯзанд – зернасли H3N2 K, ки метавонад нисбат ба зукоми мавсимии маъмулӣ босуръаттар паҳн шавад.
Воксинзанӣ аз шаклҳои вазнин муҳофизат мекунад
Бояд дарк кард, ки воксинаи зидди зуком садфоиза аз сироят муҳофизат намекунад, аммо ҷараёни бемориро сабуктар мегардонад ва хатари оризаҳои вазнинро коҳиш медиҳад.
Ба иттилои Агентии амнияти тандурустии Британияи Кабир:
- Самаранокии эмгузаронӣ дар кӯдакон ба 70-75% мерасад;
- Дар калонсолон – 30-40%.
Ин маънои онро дорад, ки воксинзанӣ метавонад сироятро пурра пешгирӣ накунад, аммо хатари оризаҳо ва бистаришавӣ дар беморхонаҳоро ба таври назаррас кам мекунад.
Дмитрий Лизонов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зуком ба номи Смородинсев, таъкид мекунад:
“Дар миёни шахсони эмшуда қариб ҳеҷ гоҳ ҷараёни вазнини зуком ва ҳолатҳои марг ба қайд гирифта намешавад”.
Воксингузаронӣ дар Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, ба муассисаҳои давлатии тиббии Тоҷикистон маҷмуаи воксинаи зидди зуком ворид шудааст. Аммо ин воксина танҳо барои кормандони тибб пешбинӣ шудааст, ки мустақиман бо беморон дар тамос мебошанд.
Барои эмгузаронӣ ваксинаи моеъи инактиватсионии “GCFLU Quadrivalent Multi” истифода мешавад, ки ба мушак ворид карда мешавад. Иммунизатсия барои ҳамаи кормандони тибби ҷумҳурӣ ройгон анҷом дода мешавад.
Бо вуҷуди он ки дар муассисаҳои давлатии тиббӣ барои аҳолӣ воксина дастрас нест, бархе аз клиникаҳои хусусии Душанбе эмгузарониро пешниҳод мекунанд, менависад Asia-Plus:
- Клиникаи “Проспект” – арзиши воксингузаронӣ 600 сомонӣ;
- Клиникаи “Фараби” – арзиши воксингузаронӣ 550 сомонӣ.
Оё пандемияи нав имконпазир аст?
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди афзоиши гирифторшавӣ, ҳанӯз барвақт аст, ки дар бораи пандемияе монанд ба соли 1968 сухан ронем. Имрӯз вазъият куллан дигар аст:
- доруҳои муассири зиддивирусӣ мавҷуданд;
- низомҳои муосири назорат фаъоланд;
- ваксинаҳо дастрасанд;
- таҳлили зуди тағйироти генетикии вирус анҷом дода мешавад.
Меъёрҳои пандемия, ба мисли паҳншавии оммавӣ дар як вақт, ҷараёни вазнин ва набудани воситаҳои назорат ҳоло мушоҳида нашудаанд.
