fbpx

Зодаи Тоҷикистон ба куштори вакили рус гумонбар аст

Ҷанҷол дар робита ба саркашӣ аз иҷрои кори бемузд ба гумонбаршаванда фармоишдодаи Колодич ба миён омадааст.


0
тоҷике ки ба куштани вакили рус гумонбар аст
Акс аз манбаъ.

Як зодаи Тоҷикистон, Алӣ Расулов ​​дар куштори вакили рус Югра Александр Колодич ва захмӣ кардани ҳамсараш Ирина Колодич дар Маскави Нав гумонбар аст.

Ба иттилои телеграм-канали “112”, Расулови 37-сола ба Колодичҳо дар нигоҳубини қитъаи боғашон кӯмак мекардааст.

Тавре хабаргузории ТАСС менависад, муфаттишон дархост кардаанд, ки нисбати гумонбар чораи пешгирикунанда дар шакли ҳабси пешакӣ амалӣ шавад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии (ГСУ) Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар Маскав хабар доданд.

“Дар назар аст, ки дар рафти тафтишот ба суди ноҳияи Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс дархост пешниҳод кунад. Барои ҷамъоварӣ ва таҳкими заминаи далелҳо чораҳои тафтишотӣ идома доранд”,- омадааст дар хабар.

Вакили рус ва ҳамсараш
Вакили рус ва ҳамсараш.

Тибқи тафтишоти пешакӣ рӯзи 11-уми июн дар деҳаи Сосенское дар Маскави Нав дар робита ба саркашӣ аз иҷрои кори бемузд ба гумонбаршаванда фармоишдода бо Колодич ҷанҷол мехезад.

“Дар натиҷа, гумонбаршаванда бо корд чанд маротиба ба рақибаш зарба мезанад. Вакил дар натиҷа ҷони худро аз даст додааст. Ҳамсари марҳум, ки шоҳиди куштор буд, талош кардааст, ки ҳамлагарро боздорад. Вале ӯ низ аз ҷониби гумонбаршаванда чанд зарбаи корд мехӯрад. Гумонбаршаванда ҷасади мардро дар таҳхона ба хок супурда, фирор кардааст. Баъдтар ӯ дар бораи ҳодиса ба бародараш нақл мекунад ва бародараш ба писари марҳум занг мезанад”,- омадааст дар хабари Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар Маскав.

Субҳи 12 июн дар таҳхонаи як коттеҷи хусусӣ милитсия ҷасади вакили Думаи Округи мухтори Ханти-Мансийск – Югра Александр Колодичро бо осори марги хушунатомез пайдо кард.

Дар онҷо ҳамчунин Ирина Колодичи 55-соларо захмӣ пайдо карданд, ки бо латта печонида ва беҳуш хобида буд. Табибон дар натиҷаи ташхиси зан дар баданаш захмҳои зиёди кордро муайян кардаанд. Ҳоло Ирина Колодич дар ҳолати ниҳоят вазнин дар шуъбаи эҳё қарор дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend