fbpx

Зиндагӣ дар Австралия. Тоҷикдухтаре, ки ҳаёташ тағйир ёфт

Барои дар Австалия зиндагӣ кардан, донистани забони англисӣ, нотарсӣ аз ҳашароту ҳавонот ва хазандаҳои гуногун ва доштани шаҳодатномаи ронандагӣ зарур аст.


0
Духтари тоҷик дар Австралия
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Ситора Ҳазратӣ, зодаи шаҳри Душанбе буда, 27 сол дорад. Ӯ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро дар самти иқтисод хатм кардааст. Ҳоло Ситора дар шаҳри Брисбени Австралия зиндагӣ мекунад. Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи кору зиндагӣ ва шартҳои асосии будубош дар Австралия нақл кард.

Аз орзуи кӯдакӣ то нахустин сафар ба Австралия

Ситора дар оилаи калоне ба воя расидааст. Панҷ фарзанд зери тарбияи модар буданд. Қаҳрамони мо хатмкардаи мактаби рақами 92‑и пойтахт аст. Ба гуфтаи худаш, аз хурдсолӣ дастёрӣ модар буд. Аз 16-солагӣ дар таъмини хонавода саҳми бештар гирифт.

Орзуи кӯдакии Ситора зиндагӣ дар Амрико буд. Барои амалӣ кардани он пайваста ба курсҳои забономӯзӣ мерафт ва забони англисӣ меомӯхт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от @sitorawow

“Ҳамеша орзу менамудам дар Калифорния зиндагӣ кунам Аз 16-солагӣ ба курсҳои забони англисӣ таваҷҷуҳам бештар шуд. Зеро танҳо бо ин роҳ имкони бештар барои амалишавии орзу пайдо мекардам.

Барои дарёфти виза ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ мекардам. Он вақт ман хеле танг фикр мекардам. Дар охир кӯшишҳоям бенатиҷа буданд”,- ба хотир овард ҳамсуҳбати мо.

Ахиран ба хулосае меояд, ки зиндагӣ дар Амрико барояш лозим нест. Бо дарки он ки зиндагии хуб, хонаводаи меҳрубон, кори хуб ва дӯстони наздик дошт, аз ин орзуяш даст мекашад.

Ситора соли 2017 бо тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Австралияро дошт издивоҷ кард. Ҳамсараш, ки дар Австралия ҷойи кор дошт, Ситораро низ бо худ ба ин кишвар бурдан хост. Онҳо барои дарёфти виза ҳуҷҷат супориданд.

Духтари тоҷик дар либоси арӯсӣ

“Баъди издивоҷ шавҳарам барои гирифтани раводиди ман ба Австралия баргашт. Мо барои гирифтани раводиди зеркласси 309 “визаи ҳамсар” муроҷиат кардем ва натиҷаи онро тақрибан 2 сол (21 моҳ) интизор будем. Ҳатто қариб ноумед шуда будем”,- нақл кард Ситора.

Вале натиҷаи интизориҳояш ҳамин шуд, ки як шаб шавҳараш занг зада, хабар медиҳад, ки виза додаанд. Ҳамин тавр, Ситора низ 18-уми сентябри соли 2019 барои оғози ҳаёти нав ба Австралия сафар кард.

Баҳор дар сентябр ва табиати зинда. Ситораро дар Австралия чӣ ба ҳайрат овард?

Нахустин чизе, ки дар Австралия таваҷҷуҳи қаҳрамони моро ба худ ҷалб кард, табиати ғайриодии он буд. Ба гуфти Ситора, дар ин қитъа нисбат ба одамон шумораи намояндагони олами ҳайвонот бештар аст.

Австралия, ки дар нимкураи ҷанубии сайёра ҷойгир аст, замони нахустин сафари қаҳрамони мо дар он ҷо оғози фасли баҳор буд.

“Вақте ба шаҳри Брисбен омадам, аввалин маротиба дар моҳи сентябр дарахтони гулкарда, замини сарсабзро дидам. Ба дидаҳоям бовар намекардам, гӯё филтрҳои “Instagram” ё “Snapchat”-ро ба чашмонам гузошта буданд, бениҳоят зебо буд”,- бо завқ ба ёд овард Ситора.

Дарвоқеъ, дар Австралия фасли баҳор моҳи сентябр оғоз ёфта, охири моҳи ноябр ба итмом мерасад. Аз рӯи нақли Ситора он ҷо навъҳои зиёди дарахтоне ҳастанд, ки тамоми сол сабзанд, аммо дар фасли баҳор онҳо мешукуфанд.

Тоҷикдухтар дар табиати Австралия

“Тасаввур кунед, ки ҳар саҳар тӯтиҳои сабз дар пушти панҷара бо сурудхонӣ шуморо аз хоб мехезонанд. Дар боғи назди хона ҳангоми сайру гашт бо кенгуруе, ки дар ҳоли истироҳат аст вомехӯред. Саратонро боло бардошта мебинед, ки коалаи зебо чӣ гуна хоб мекунад. Аз наздатон калтакалос мегузарад ва роҳгардии ӯро аз наздик мебинед. Зимистонаш ҳам ҳамеша офтобӣ ва ҳама ғайриоддӣ аст. Ин муҳити зинда ва беназир танҳо дар Австралия аст”,‑ нақл кард қаҳрамони мо.

Шартҳои асосии кору зиндагӣ дар Австралия

Ситора донандаи забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ барои дар Австалия зиндагӣ кардан донистани забони англисӣ ҳатмӣ аст, вагарна ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

“Одамоне, ки тасмими дар Австралия зиндагӣ карданро доранд бояд ин ду чизро бидонанд. Якум аз мавҷудоти зинда ба мисли калтакалос, торакан, тортанак, мор ва ғайра натарсанд. Зеро дар ин ҷо онҳо зиёданд ва ҳар сари қадам дучор меоянд.

Дуввум, агар шаҳодатномаи ронандагӣ надошта бошанд, пас зудтар ба даст оранд. Дар Австралия бе автомобили шахсӣ будан ба мисли бе даст будан аст. Агар ин ду мушкилро надошта бошед, ин кишвар шуморо хуш қабул мекунад”,- мегӯяд ӯ.

Ситора дар соҳили баҳр дар Австралия

Австралия дорои иқтисодиёти рушдкарда аст ва табиист, ки шароити кор барои муҳоҷирон низ дар он беҳтар аст.

“Музди меҳнат аз рӯи соати корӣ муайян мешавад. Пасттарин даромад 14 доллар дар як соат аст. Хароҷоти моҳонаи як нафар то 4 ҳазор доллар мерасад”,‑ афзуд Ситора.

“Образи духтари тоҷик бо либоси миллӣ”. Муҳтавои Ситора дар “Instagram”

Қаҳрамони мо тасмим гирифт таҳсилашро дар Австралия идома диҳад ва ҳуҷҷатҳояшро ба TAFE (Маркази техникӣ ва таҳсилоти иловагӣ ) супорида, қабул ҳам шуд. Аммо бо сабаби ҳомиладорӣ маҷбур шуд, муввақатан таҳсилро қатъ намояд.

Дар ин муддат хост барои худ шуғле ёбад. Бо ин мақсад тасмим гирифт, SMM‑ро биомӯзад. Ӯ ба эҷоди чизи наву ҷолиб, наворгирӣ, тамошои мусоҳибаҳо шавқ дорад. Ҳамин тавр дар “Instagram” саҳифаи худро боз намуд ва ба таҳияи наворҳои кӯтоҳ машғул шуд.

“Бо Жазира ном духтар аз Қазоқистон дар курси онлайнии “Контраст” шинос шудам. Ҳамроҳ фикр кардем, ки чӣ тавр наворҳои кӯтоҳи ҷолиб омода намуда, дар “Instagram” гузорем. Мо дар “рилс” тарзи кори алгоритмҳои “Instagram”-ро омӯхта, қарор додем, давоми як моҳ ҳар рӯз як “рисл” омода карда, пахш намоем.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от @sitorawow

Ҳамин тавр, пайиҳам 17 рӯз дар “Instagram” наворҳои кӯтоҳ мегузоштам ва вақте онҳо то ҳазор бинанда пайдо менамуд, хеле хушҳол мешудам. Пеш аз ҳама дар зеҳнам образро меофарам, баъдан навор омода мекунам. Вақте чизи хостаам ҳосил мешавад, онро такрор ба такрор тамошо карда, аз натиҷаи корам лаззат мебарам”,- илова кард Ситора.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от @sitorawow

Наворҳои кӯтоҳи саҳифаи “Instagram”-и қаҳрамони мо образи духтари тоҷик бо либоси миллӣ, табиати зинда ва маконҳои зебои Австралияро инъикос мекунанд. Ҳамчунин рекламаи маҳсулоти брендҳои маъруф ва зиндагии шахсияшро низ мегузорад.

Ӯ тавонистааст дар муддати кӯтоҳ тарзи дуруст ва ҷолиб сохтани навор ва нозукиҳои таҳияи муҳтаво (контент)-ро аз худ намояд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от @sitorawow

Таваҷҷуҳ ба фарҳанги тоҷикӣ дар Австралия

Ситора фарҳангу маданияти Тоҷикистонро дӯст медорад. Ҳамеша бо либосҳои миллии тоҷикӣ ба кӯчаҳои шаҳри Брисбени Австралия мебарояд. Ӯ мегӯяд, дар ин кишвар тоҷикон зиёданд ва ҷашнҳои миллӣ ба мисли Наврӯз, Сада ва ғайраро ҳамасола ҷашн мегиранд.

Ситора духтари тоҷик дар Австралия

“Фарҳанги халқамро дӯст медорам ва пеш аз ҳама барои худам либосҳои миллиамонро ба бар менамоям. Вақте ба берун мебароям, одамон бо шавқи зиёд ба либоси тоҷикӣ нигоҳ мекунанд.

Аз ман мепурсанд, ки ин либоси кадом давлат аст, ҳамроҳам акси хотиравӣ мегиранд. Чунин муносибати хориҷиён бори дигар исбот мекунад, ки фарҳанги бою таърихи қадима дорем”,- бо ифтихор изҳор дошт Ситора.

Ёди Ватан ва нақшаҳои оянда

Қаҳрамони мо саёҳатро дӯст медорад. Ӯ ба бештари минтақаҳои Тоҷикистон сафар намудааст. Бо фарҳангу таърихи ноҳияҳо ошно гаштааст. Вале, тавре худаш мегӯяд, то ҳол ба Бадахшон нарафтааст. Дар оянда нияти ба он ҷо сафар намуданро дорад.

“Инак, чор сол мешавад, ки ба Тоҷикистон нарафтаам. Аммо ҳамаи чизро хуб дар ёд дорам. Аз интернет ҳамеша пайгири наворҳо дар бораи Тоҷикистон ҳастам ва мебинам, ки дар ин муддат Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Ният дорем имсол дар моҳи май ба Ватан биравем ва рафъи дилтангӣ намоем”,-мегӯяд ӯ.

Ситора ҳоло ба тарбияи фарзанаш машғул аст. Ният дорад дар оянда тиҷорати дошта бошад.

Ситора бо кӯдакаш

“Тасмим дорам, як соли дигар бештари таваҷҷуҳи худро ба тарбияи духтарчаам банд намоям. Баъдан ба кори тиҷорат оғоз мекунам”,- афзуд Ситора.

Шаҳноз Ализода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend