Ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо шабона то 17 ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад

Зимистон дар Тоҷикистон имсол нисбатан гарм мешавад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта гармтар мегузарад.

Дар умум, нисбат ба соли гузашта ҳарорат гармтар мешавад, махсусан дар водиҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, хабар медиҳад “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Агентӣ.

Дар водиҳо ҳарорат 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баландтар хоҳад буд.

Аммо дар минтақаҳои кӯҳӣ зимистон сардтар шуда, ҳарорат 1 дараҷа аз меъёр пасттар хоҳад буд.

Дар ноҳияҳои баландкӯҳ сардиҳои шадид дар назар аст. Дар Булункӯл ҳарорат метавонад то -23°С поён равад.

Боришот дар ҳудуди меъёр хоҳад буд, аммо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ миқдори боришот аз меъёр бештар пешбинӣ мешавад.

Дар водиҳо дар моҳи декабри 2025 ҳаҷми боришот 39-75 мм (дар баъзе минтақаҳо 9-28 мм), дар минтақаҳои доманакӯҳӣ 34-102 мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 39-99 мм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2-6 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар моҳи январи соли 2026 низ боришот дар ҳудуди меъёр пешбинӣ шудааст, аммо дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли зиёдшавии боришот вуҷуд дорад. Дар водиҳо 39-75 мм, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ мутаносибан 34-102 мм ва 39-99 мм боришот пешбинӣ шудааст.

Дар баландкӯҳҳо боришот ҳамагӣ 2-6 мм-ро ташкил медиҳад. Баъзе рӯзҳо шамоли аз самти Ғарб бо суръати 17-22 м/с мевазад, тормеғ мефарояд.

Дар моҳи феврали соли 2026 низ боришот дар ҳудуди меъёр хоҳад буд. Дар водиҳо 38-101 мм, дар доманакӯҳҳо 37-130 мм ва дар кӯҳистон 37-101 мм боришот пешбинӣ шудааст. Дар баландкӯҳҳо ин нишондод 8-10 мм-ро ташкил медиҳад.

Skip to toolbar