Зилзилаи шадид Тоҷикистонро такон дод

Қувваи он дар маркази заминларза 7 ва дар Душанбе 5 баллро ташкил дод.


Заминларза дар Тоҷикистон

Иллюстрационное фото

Шаби 21-уми март, тахминан соати 21:50 ба вақти маҳаллӣ Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Ба иттилои манбаъ маркази зилзила 268 км шарқуғарбии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон будааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Душанбе он 5 балл будааст.

Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ маълумот дода намешавад.