logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Муҳоҷирони тоҷик ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 5$ миллиард саҳм гузоштаанд

Тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва Агентии омор дар соли 2024 саҳми муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон назаррас боқӣ мемонад.

Your tj

11:2028.11.2024

Анвар Бобозода корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 22-уми ноябр дар Душанбе зимни як нишаст гуфтааст, "дар таърихи навини Тоҷикистон ягон соҳаи хоҷагии халқ ба мисли муҳоҷирати корӣ имкон надорад, ки ҷамъияту давлатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намояд".

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Тибқи пажӯҳиши ӯ муҳоҷирони тоҷик соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристодаанд, ки 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Ин омор вобастагии зиёди иқтисоди Тоҷикистонро аз маблағи фиристодаи муҳоҷирон нишон медиҳад.

Ба қавли ӯ, тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва Агентии омор дар соли 2024 саҳми муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон назаррас боқӣ мемонад.

"Пули фиристодаи муҳоҷирон аз даромади содироти мамлакат аз фурӯши маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва аз сармояи хориҷӣ даҳҳо баробар зиёдтар аст. Он муҳоҷиратро ба қисмати аз ҳама муҳими маблағгузории иқтисоди Тоҷикистон табдил дода истодааст", - шарҳ додааст Бобозода.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба муҳоҷират, асосан ба Русия мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки муҳоҷиратро гуногунсамт намояд, вале дар ин росто ба корҳои чашмгире даст наёфтааст.

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

15 часов назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

4 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

4 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

5 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

5 дня назад